Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

аз овозҳо (фонемаҳо), калимаҳо ва ибораю ҷумлаҳо иборатанд; г) шакли гуфтугўӣ (шифоҳӣ) ва хаттӣ дошта метавонад; ғ) мувофиқи вазъ ва шароиту тақозои таърихӣ шакли адабӣ ва услуби хос дошта метавонанд.
Ҳамин тавр, забон функсияҳои зеринро дорад: вазифаи муошират, вазифаи иттилоъ додан, вазифаи таъсиррасонӣ.
Вазифаи атрибутию предикатӣ. Дар як маврид ду вазифаро иҷро кардани ин ё он калимае, ки хусусияти муайянкунандагию хабарӣ дорад, (ҳаво – соф (Ҳ.К.); Ҳаво на хунуки хунук, на гарми гарм (Ҳ.К.).
Вазифаи наҳвӣ (синтаксисӣ) – ифодаи аъзоҳои ҷумла бо ҳиссаҳои гуногуни нутқ. Масалан, дар забони тоҷикӣ мубтадо бо ҳиссаҳои зерини нутқ ифода меёбад:
- Бо исм: Ҳамида ин касро шинохт (М.Х.); Дарди ҷароҳати зону ва кафи дасташ андак-андак хурўҷ кард (Ф.М.).
- Бо ҷонишин: Ман – меҳмон, ширмо – соҳиби хона (Ф.М.).
Ҳар кӣ далер аст, ватан ҷои ўст, Шаъну шараф ошиқи шайдои ўст. (М.Т.). - Бо масдар: Бо мулоҳиза сухан гуфтан шарти одоб аст ва барои ҳама ҳатмист (Ф.М.); Шунидан кай бувад монанди дидан (зарбулмасал).
- Бо сифат: Ҷавон ҳам ба хандаи вай ҳамроҳӣ кард (П.Т.). Дузд дуздро дар торикӣ мешиносад (Ҷ.И.). 5. Бо шумора: Нўҳ адади тоқ аст; Сеюми он одамҳо Муроди пахтакаш ном як одами 70-солаи қоматхамидаи доғи кунҷиддор буд (С.А). 6. Бо сифати феълӣ: Оянда ба сарой наздик омада, якбора ҷо ба ҷо истод (Р.Ҷ.). 7. Бо таркибу ибораҳои устувор: Акнун аҳли қишлоқ ҳам ўро писари Зайнаб меномиданд (Ф.М.).
Варваризм (аз юн. barbarismos) – калимаи ё ифодаи иқтибосие, ки бо сабабҳои мутобиқ нашудан дар забони иқтибосгиранда ба иллати мушкилоти дастурӣ ҳазм нашудаанд: маҷам, фрау, денди, хобби.
Варваризмҳо, одатан, барои нишон додани хусусиятҳои нутқи ин ё он персонажи аҷнабӣ, урфу одат, хулқу хў ва амсоли инҳо кор фармуда мешаванд. Мисол аз забони японӣ: Ген баку ҳан тай! – Нест бод бомбаи атомӣ! Ҳой во бан зай! – Поянда бод сулҳ! (А.Д.).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё