Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

белорусӣ), Рустам Қутуй (русӣ-тоторӣ), С.Айнӣ (тоҷикӣ-ўзбекӣ), С.Улуғзода (тоҷикӣ-русӣ).
Бинарӣ (лот. binarius). Дугона, иборат аз ду қисм. Дар забоншиносӣ принсипи бинарӣ – принсипи тасвири падидаҳои забонӣ, ки дар бештарини мавридҳо тазоди дугонаро ташкил медиҳанд: ҳамсадоҳои ҷарангдору беҷаранг, ҳиҷоҳои кушодаю баста, ҳиссаҳои нутқи тағйирёбанда ва тағйирнаёбанда, исмҳои ҷондору беҷон, танҳою ҷамъ, муайяну номуайян, феълҳои мондаю гузаранда. Дар натиҷаи муқобилгузории унсурҳои зиёд мумкин аст онҳо ба ҷуфтҳои минималӣ ҷудо шаванд: гелос пухт (феъли монда) – хўрокро пухт (феъли гузаранда); номаро хонд (феъли бевосита) – номаро хононд (феъли бавосита).
Бисёркаратӣ. Амали бардавоме, ки дар забонҳои тоҷикию форсӣ дар натиҷаи ба асоси замони гузаштаи феълҳо ҳамроҳ шудани пешванди шаклсози ме- ба вуҷуд меояд: мерафт, меомад, мегуфт (замони гузаштаи ҳикоягии сиғаи хабарӣ). Ин шакл маънои давомнокии амалеро ҳам ифода мекунад. Барои ифодаи бисёркаратӣ баъзан калимаю таркибҳои матн, амсоли ҳар вақт, ҳар рўз, ҳар ҳафта, ҳар сол низ кўмак мерасонанд:
Одамон мебаромаданд тамом,
Шўр бардошта ба рўи бом.
Табақу дегу коса мекўфтанд,
То набинанд маҳ, намекўфтанд. (М.Т.) Бисёрҳиҷо. Калимаҳое, ки бештар калимаҳои мураккаб аз ҳиҷоҳои зиёд иборатанд: зан-бў-ри-а-сал-пар-ва-рӣ, чархи-о-си-ё-та-ро-шӣ.
Калимаҳои бисёрҳиҷо дар назм низ истифода мешаванд:
То тавонӣ дўстонро гум макун,
Дўстони беҳ зи ҷонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дўст зистан мушки ласт, Мушкилосонкункасонро гум макун. (М.Т.).
Бозсозӣ – реконструксия (аз лот. re – пешоянде, ки маънои таҷдид, аз нав барқарор карданро дорад ва construction – сохтумон, сохтан) – дар забоншиносии муқоисавию таърихӣ маҷмўи тарзу усулҳои (методҳои)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё