Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

тарсӣ, арзан накор (Б.Ф.). – Ба ҳар тараф нигоҳ кунӣ, аз дуру наздик дуд мебарояд (Ю.А.). Хабари ҷумлаҳои яктаркибаи умумишахс бо исм, сифат ва сифати феълӣ низ ифода меёбад:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ, Бар кўру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ. (Рўдакӣ).
Ҷумлаи хабарӣ. Ҷумлае, ки дар он мутакаллим ё нигоранда аз ҳодиса ё воқеае хабар медиҳад, дар атрофии масъалае баҳс мекунад. Шаклҳои замонии сиғаҳои хабарӣ, шартӣ-хоҳишмандӣ, эҳтимолӣ ва шаклҳои замонии феълҳои нақлӣ ба вазифаи хабар меоянд. Дар ин гуна ҷумлаҳо гуфтор бо оҳанги паст оғоз ёфта, тадриҷан қувват мегирад, оҳанг дар интиҳои ҷумла паст мешавад: Айнӣ танҳо ва андешамандона қадам мезад.
Вай аслан табиатдўст ва дўстдори ҳавои тозаву гулгаштҳо буд. Ҳар гоҳ дилгир шавад, маҳз ба тавассути сайру гашт занги дил тоза мекард. Вале дар ин субҳи пуртаҳлука ба ғами худ ғарқ гашта буд ва аз файзи баҳор баҳри дилаш кушода намешуд (Ў.К.). Ҷумлаҳои хабарӣ сохтори мураттаб ва таркиби мукаммал дошта, калимаҳо бо тартиби муқаррариашон ҷой мегиранд. Ҷумлаҳои хабарӣ аксар содаи дутаркиба ё яктаркибаи тафсилӣ ва мураккаби пайвасту тобеъ мешаванд: Субҳи рўзи дигар ҳаво соф, мулойим ва ҳаловатбахш буд. Боди сабо аз даштҳо, аз боғот, киштзор ва полезҳо бўйи баҳор меовард (Ў.К.).
Ҷумлаи хитобӣ. Ҷумлаҳое, ки дар онҳо баробари фикр, асли мақсад ҳиссиёту ҳаяҷони гуногуни шахс низ ифода меёбад. Аз ин ҷиҳат ҷумлаҳои содаро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) ҷумлаҳои содае, ки дар онҳо фикр мўътадил, холисона, бидуни ҳиссиёту ҳаяҷон ифода мешавад. Ба ин гурўҳ ҷумлаҳои хабарӣ, амрӣ ва саволӣ дохил мешаванд; б) ҷумлаҳое, ки дар онҳо бар замми хабар додан, фармоиш ё пурсиш эҳсосоти гуногуни гўянда ифода меёбад. Ҷумлаҳои хитобиро аз ҷиҳати мазмун ва воситаҳои ифодаашон ба ҷумлаҳои хитобии аслӣ ва ҷумлаҳои ҳикоягӣ, амрӣ ва саволии ба хитобӣ табдилёфта ҷудо мекунанд. Хабари ҷумлаҳои хитобии аслӣ бо феълҳои содаи зиҳӣ ва таркибии зинда бод, поянда бод, нест бод ифода меёбанд. Дар таркиби ҷумлаҳои саволии риторикӣ

пешина
аз 389
навбатӣ