Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Ҷумлаи ба аъзоҳо ҷудонашаванда. Ҷумлае, ки сараъзоҳояш бо ибораҳои фразеологӣ ифода ёфтааст. Чунин ҷумлаҳо ҳангоми таҳлили синтаксисӣ ба аъзоҳои ҷудогона тақсим намешаванд: Аз охури баланд ем хўрда, дасташро ба оби хунук назадааст (Р.Ҷ.); Пеш аз тўй нағора назан, Шодӣ (Ҷ.И.).
Ҷумлаи бехабар. Чунин ҷумлаҳо асосан ба ду навъ ҷудо мешаванд:
- Ҷумлаи яктаркибае, ки хусусияти унвонӣ дошта, хабар надорад. 2.
Ҷумлаи нопурра, ки хабари он вобаста ба шароити нутқ зикр наёфтааст:
– Ҳа, Файзӣ? – Ба пахтачинӣ, – ҷавоб дод Ҷаббор (П.Т.).
Ҷумлаи бешахс. Ҷумлаи содаи яктаркибаи бемубтадое, ки ҷузъи асосии хабари он ба воситаи шахси сеюми танҳо ифода ёфта, феъли боистан (бояд) ҷузъи ёридиҳандаи онро ташкил медиҳад. Ин ҷумлаҳо амалеро мефаҳмонанд,ки иҷро шудани он зарур, лозим, мумкин, имконпазир ё баръакс, нодаркор, номумкин ва имконнопазир аст: Ба Фаттоҳ бо забони махсус гуфтугў бояд кард (Ф.М.). Баъд аз ғалладаравӣ,алафдаравӣ ҳам якчанд кас фиристодан зарур аст (А.Д.). Ба ҳар овози баланду ҷуссаи қавӣ бовар набояд кард (Зарб). Хабари ҷумлаи бешахс ҳамеша таркибӣ мешавад ва бо масдару феълҳои бешахси боистан, шоистан, тавонистан, шудан ва калимаҳои модалии лозим, зарур, даркор, мумкин ифода мегардад. Феъли бояд дар шаклҳои набояд, намебояд, боист низ меояд: Озмударо набояд озмуд (Зарб.). Ин нуктаро ҳам набояд фаромўш кард (С.А.). Воқифи вақти хеш мебояд буд (Панд). Ҷумлаи бешахс дар қолаби саволӣ низ истифода мешавад: Пас, чӣ бояд кард? – пурсид Ҳайдарқул (Ҷ.И.). Ҷумлаҳои унвонӣ ба гурўҳи ҷумлаҳои содаи яктаркибаи номӣ дохил мешаванд. Онҳо аз лиҳози мазмун, маъною шакли грамматикӣ, сохтори наҳвиашон аз ҷумлаҳои дигар фарқ мекунанд ва бештар хусусияти тасвирӣ доранд. Дар ифодаи замон: Аввалҳои зимистон.
Декабр. Ҳаво на хунуки хунук, на гарми гарм (Ҳ.К.). Дар ифодаи макон:
Чашмасор. Шумо гумон накунед, ки ҳар кадоми чашмаҳои дар ин чашмасор буда ба қадре сероб аст… (С.А.). Ифодаи ҳодисаҳои табиат:
Лой. Шалп-шалпи садои пой шунида мешуд (Ҳ.К.). Ҷумлаҳои унвонӣ аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор