Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

урартӣ мутобиқ карда шуд. Ёдгориҳои хати мехӣ дар зарфу ашёи чоркунҷа, панҷкунҷа, тахтасангҳо аз ҳама бештар, тахтачаҳои гилин дар мавзўъҳои таърихӣ, адабӣ ва ғ. боқӣ мондаанд. Ба хати мехӣ ҳуҷҷатҳо, асарҳои таърихӣ, ҳамосаҳо, луғатҳо, рисолаҳои математикӣ, матнҳои динӣ ва ғ. навишта шудаанд. Навъҳои машҳури хати мехӣ угаритӣ ва эронӣ (форсии қадим) мебошанд. Пас аз рамзкушоии хати мехии форсии қадим солҳои 50 а. 19 хати мехи аккадӣ рамзкушоӣ карда шуд.
Хати мисрӣ, яке аз қадимтарин хатҳои дунёст, ки шаклҳои иероглафӣ, мератикӣ (динӣ, муқаддас) ва демотикӣ дошт. Шакли асосӣ ва қадимтарини хати мехӣ иероглифҳо – аломатҳои тасвири одамон, ҳайвонот, рустаниҳо, биноҳо ва ашёи дигар буданд. Аксар иероглифҳо маҷмўи ду ё се ҳамсадо – фонограммаҳоро ифода мекарданд. Садонокҳо дар хати иероглифӣ ифода намешуданд. Баробари фонограммаҳо дар хати иероглафӣ идеограммаҳо – аломатҳои ифодакунандаи калимаҳои алоҳида ва мафҳумҳо вуҷуд доштанд. Аз иероглифҳои зиёди хати мехӣ танҳо 700-тоашон серистеъмол буданд. Матнҳои қадимтарини иероглифӣ ба а. 32 то м. навтаринашон ба а. 3 мансубанд. Аз хати иероглифӣ баъдан курсив (хати бо шитоб навишташуда) иератика (хати иератикӣ) ба миён омад. Асрҳои 8-7 то м. зуднавис (курсив)-и нав – демотика пайдо шуд.
Хати монавӣ, хатест, аз он барои сабти осори Монӣ ва пайравони ў истифода бурданд. Хатти монавӣ дар асоси хатӣ пальмирии хати оромӣ ба вуҷуд омада, 22 ҳарфи асосӣ ва иловагиро дар бар мегирифт.
Хати паҳлавӣ, як навъи хат, ки дар асоси яке аз шохаҳои хати оромӣ тақрибан дар а. 3 сохта шуда, дар забони форсии миёна (паҳлавӣ), сабти катибаҳо, осори хаттии ин забон истифода мегардид. Хати паҳлавӣ дар аввал дорои 22 аломат буд. Вале баъдтар дар хати зуднавис (курсив) шакли ҳарфҳо ба якдигар монанд шуд ва шумораи онҳо ба 14–15 расид.
Дар хати паҳлавӣ инчунин фарқияти байни аломатҳои катибаҳо ва осори хаттии китобӣ ба назар мерасад, ки инро аз ҷадвал мушоҳида намудан мумкин аст. Дар хати паҳлавӣ танҳо садонокҳои дароз ишора мешуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор