Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

омада, онро аз ягон ҷиҳат шарҳу эзоҳ медиҳад: а) дар шакли холис:
Дилатон мувофиқи дили ман соф, беғубор, Гулрўҷон (Р.Ҷалил); б) бо ёрии бандакҳои хабарӣ: Магар душман ҳамин қадар нодон аст (Ҷ.И.); в) бо ёрии феълҳои ёридиҳанда: Ҳаво нарм, офтобӣ ва бисёр соф буд (С.Т.).
Хабарҳои номӣ бо шумора, ҷонишин, сифати феълӣ, масдар ва зарф низ ифода меёбанд.
Хабарҳои феълӣ. Хабарҳое, ки амал ва ҳолатро мефаҳмонанд. Чунин хабарҳо бештар ба амалу ҳолати предмети сухан, яъне мубтадо далолат мекунанд. Хабари феълӣ амалу ҳолати предметро вобаста ба замон ва шахсу шумора ифода мекунад. хабар, пеш аз ҳама, бо феъл ифода мешавад. Хабарҳои феълӣ ҳамзамон ҳам маънои луғавӣ ва ҳам грамматикиро ифода мекунанд. Хабарҳои феълӣ ин маъниҳоро бо усули синтаксисӣ ва аналитикӣ ифода мекунанд. Дар усули синтетикӣ як калима ҳам маънои луғавӣ ва ҳам маънои грамматикиро ифода мекунад. Чунин хабарҳо бо ҳамаи сиғаҳо ифода меёбанд: Ёдгор говро оварда бадасти Гулнор супурд (С.А.). Ин байтро дар ҳавои «ушшоқ» батакрор мехонданд (С.А.). Ҳозир баъд аз як-ду дақиқа меомадагист (Р.Ҷ.). Шаклҳои ғайритасрифии феъл низ ҳангоми амалу ҳолатро ифода намудан ба вазифаи хабари феълӣ омада метавонанд:
Абр гирёну лолаҳо хандон,
Бод ларзону сабзаҳо рақсон (М.Т.).
Дар хабарҳои феълии усули аналитикӣ маънои луғавӣ бо ёрии феълҳои тасрифнашаванда ва ҳиссаҳои номии нутқ (исм, сифат, шумора, ҷонишин) ифода гардида, маънои грамматикӣ бо ёрии феълҳои ёридиҳанда ифода мешавад. Ифодаи хабарӣ будану модалият низ ба воситаи феълҳои ёридиҳанда сурат мегирад: Дигар бандиён ҳам ҷулу ҷиҳози худро ғундошта гирифтанд (С.А.). Донишҷўён ҳам баякдигар маънидор нигоҳ афканда баромада рафтанд (Ф.М.). Хабарҳои феълӣ аз ҷиҳати сохт сода, таркибӣ ва пайваст мешаванд. Хабарҳои феълии сода.
Хабарҳои сода бо феълҳои тасрифшаванда ифода мегарданд. Хабари содаи феълӣ бо ҳамаи сиғаҳо ифода мешавад: Алҳол аз нўги кор як ҷувол

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор