Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Флексия (лот. flexio – гузаштан). 1. Тағйири шакли калима ва бандак. Ҷузъи калима ё морфемае, ки дар интиҳои калима омада, барои алоқаманд кардани калимаҳои дигар хизмат мекунад: бандакҳои феълӣ, бандакҳои хабарӣ, бандакҷонишинҳо: омадам, омадӣ, омад; омадем, омадед, омаданд; ҷавонам, ҷавонӣ, ҷавон аст; ҷавонем, ҷавонед, ҷавонанд; китобам, китобат, китобаш, китобамон, китобатон, китобашон. Флексияи дохилӣ. Яке аз роҳҳои ифодаи маънои грамматикӣ, ки дар натиҷаи тағйир ёфтани овозҳои калимаи решагӣ воқеъ мешавад:
тараф (танҳо) – атроф (ҷамъ), мавҷ-амвоҷ, шеър-ашъор. Ин хусусият дар забонҳои русӣ (ухо-уши), олмонӣ (Bruder-Briider – бародар-бародарон), англисӣ (foot-feet – пой-пойҳо) низ дида мешавад.
Фонди асосии луғавии забон, қисми асосӣ ва устувори таркиби луғавии забонро гўянд, ки калимаҳои аслию мабдаии забонро дар бар мегирад. Ба фонди асосӣ, пеш аз ҳама, калимаҳое тааллуқ доранд, ки номҳои муҳиму зарурӣ ва мустаъмали ҳодисаву воқеоти марбути зиндагӣ ва ҳаёти воқеиро ифода менамоянд. Масалан, номи ашё ва ҳодисоти табиат: замин, хок, кўҳ, санг, бод, жола, об ва ғ.; номҳои марбути олами ҳайвонот: гов, асп, гург, рўбоҳ, гунҷишк; номи узвҳои бадан: сар, пой, даст, чашм; номи наботот: гандум, ҷав, себ; номи олоти меҳнат: дос, табар, теша; истилоҳоти ҳаёти маишӣ: хона, бом, дар; номи хўрокҳо: нон, гўшт, равған; истилоҳоти хешовандӣ: падар, модар, бародар, хоҳар; номи сифату аломатҳо: сафед, сурх, дароз; Ба фонди асосии луғавӣ ҷонишинҳо, шумораҳо, пешоянду пасояндҳо низ дохил мешаванд.
Фонема (аз юн. phonema – овоз), хурдтарин воҳиди овозии забон аст, ки ба ҷузъҳои паи ҳам ҷудо намешавад ва метавонад ба сифати симои овозии воҳидҳои маънодор: морфема, калима истифода гардад. Мафҳуми фонема дар забоншиносӣ бо мақсади аз хусусиятҳои тавлидию акустикии овозҳои нутқ ҷудо кардани вазифаҳои онҳо – имконияти ба воситаи овозҳо фарқ кунонидани калима ва шаклҳои он (вазифаи маънофарқкунӣ) истифода мешавад. Гоҳо дар як муҳити фонетикӣ фонема дар шакли ду овози баробарҳуқуқе, ки ба тағйири маънои калима якдигарро иваз карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор