Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

шавад. Дар ҷумлаи дуюм ҳам зарурияти иҷрои амал қайд карда мешавад, вале тафовут дар ин ҷост, ки ҳамон зарурат дар ҷумлаи дуюм қатъитар аст. 2. Дар ҷумлаи содаи боло инкори инкор маънои тасдиқи фикрро додаст. Аммо дар забони тоҷикӣ худи шакли инкор ҳам барои тасдиқи фикр омада метавонад: Гўри ин давлати баттол нашавад (Р.Ҷ.). 3. Агар дар ҷумлаҳои сода фикр бо оҳанги пурсиш ифода гардида, ҷавоби шунаванда талаб карда нашавад, дар ин сурат, агарчи хабари ҷумла амал ё аломатеро тасдиқ кунад ҳам, асли матлаб инкори фикри дар ҷумла зикршуда мебошад: Хола чӣ кунад? Ба хонаи духтараш биравад ва дастнигари домодаш бишавад? (Ҳ.К.). 4. Дар натиҷаи иваз кардани мавқеи субъект ду қолаби синтаксисӣ ба миён меоянд, ки барои ифодаи як фикр хизмат мекунад. Чунин ҷумлаҳои содаи синонимӣ бо баъзе хусусиятҳои услубиашон аз ҳамдигар фарқ мекунанд: Ин аҳволи ў ҳамаро дар тааҷҷуб мононд (Ҳ.К.). – Аз ин аҳволи ў ҳама дар тааҷҷуб монданд
(Ҳ.К.).
Услубиёти сифат. Сифат мафҳуми аломату хусусиятро ифода намуда, бо обуранги эмотсионалии худ чун воситаи таъсирбахши забон ва санъати сухан аҳамияти услубӣ пайдо мекунад. Муқоисаи аломати предмете бо предмети дигар, то чӣ андоза зоҳир гардидани аломат дар забони тоҷикӣ бо роҳҳои гуногун сурат мегирад: ба воситаи пешванду пасвандҳо ва бо ёрии пешоянду таркиби ҷонишину пешоянд. Дар услуби забони гуфтугўӣ барои ифодаи дараҷаи олӣ тарзи такрори сифат ба кор бурда мешавад: хунуки хунук – хунуктарин. Дар сифатҳои забони тоҷикӣ камию зиёдии аломат низ ифода мегардад. Чунин сифатҳо бештар мафҳуми рангро ифода мекунанд: суп-сурх, сурхина, кабудча, сиёҳтоб.
Сифатҳои навъи каппа-калон, дуппа-дуруст бештар дар матн хусусияти экспрессивӣ пайдо мекунанд: – Хабаратон ҳаст, дина вақти говгум дар пеши чашми мардум одамҳои дузди Исҳоқ дар кўчаи каппа-калон аз дасти писарчаи Содиқсобунгар гўсфанди соли дароз мурда-мурда хоридаю молида фарбеҳ кардаашро кашида гирифтаанду бурдаанд (Р.Ҷ.). Баъзе воситаҳои калимасози забони тоҷикӣ аз рўи маъно ва вазифаашон ба

пешина
аз 389
навбатӣ