Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

бадеиянд. Чунин калимаҳо дар адабиёти бадеӣ барои тасвири воқеии зиндагӣ ба кор бурда мешаванд. Вазифаи услубии онҳо иборат аз инҳост:
кўмак мекунанд, ки обуранг ва хусусияти маҳал зинда ва табиӣ ба тасвир ояд, нутқи персонажҳо фардӣ шавад, сухан ранги муассир бигирад. Дар романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода ба мисли сарҳўй (бесар, бепарастор), адирӣ (бехонумон, оворагард), иста (таҳрифшудаи ин тавр), почакӣ (оташдони муваққатии сангин), пуча (кулўла) ва ғ.чунин хусусият доранд.
Як идда калимаҳои хоси лаҳҷаҳои ҷанубии забони тоҷикӣ истифода шудаанд. Нависанда калимаҳои шевагиро дар нутқи персонажҳо ва гоҳо дар сухани тасвирии худ оварда, кўшиш кардааст, ки дар асар обуранги маҳаллӣ пурра ба ҷилва ояд: Ака, биист, охӣ! Чӣ шуд, ки даррав қаҳр кадӣ, хайр нагуфта рафтӣ? Хок бикашад ин домоди дилозори тура! Биё, биравем ба хона, ман барои ту қурутов пухта истода будам, қурутова хўрда иқа дам мегирию меравӣ. Дар адабиёти бадеӣ калимаҳои шевагӣ ба ду тарз истифода мешаванд: Якум, чун унсури «бегона», унсуре, ки дар матн ба сифати ҳиссаи услуби дигар воқеъ мегардад, дуюм, чун калимаи адабӣ, калимае, ки бо унсурҳои адабӣ баробарҳуқуқ буда, услубан бо онҳо омезиш меёбанд.
Услубиёти морфологӣ. Калимаҳои таркиби луғавии забон ба ин ё он ҳиссаи нутқ тааллуқ доранд ва дар байни фикр бо шаклҳои гуногун истифода мегарданд: исм дар шаклҳои танҳою ҷамъ, сифат бо дараҷаҳои одӣ, муқоисавӣ ва олӣ, феълҳо дар шахсу шумораҳо ва сиғаву замонҳои гуногун воқеъ мешаванд. Калимаҳо дар шаклҳои гуногун падид омада, хусусияти услубӣ зоҳир мекунанд. Чунончи исм дар шаклҳои меҳмон, меҳмонҳо, меҳмонон ба вазифаи мубтадо бо хусусияти услубӣ аз ҳамдигар фарқ мекунад: меҳмон омад – тарзи баёни одӣ; меҳмонҳо омаданд – услуби гуфтугўи адабӣ; меҳмонон омаданд – услуби китобӣ. Пасвандҳои шаклсози –ҳо, -он (-ён, -вон, -гон) барои ҷамъбандии исм дар баёни шифоҳӣ ва хаттии фикр баробар истифода намешаванд; агар ҷамъбандӣ бо пасванди –ҳо хусусияти умумиистеъмолӣ дошта бошад, бо пасванди – он (-ён, -вон, -гон) дар услуби китобӣ маъмул аст. Сифат ғайр аз ифодаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор