Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

антонимҳоро аз ҷиҳати ифодаи маънои луғавиашон ба гурўҳҳои: а) антонимҳои сирф луғавӣ ва б) антонимҳои маъноӣ ҷудо карданд.
Антонимҳои луғавӣ бо маънои асосии луғавӣ ва бо бештарини маъноҳои иловагиашон бо ҳам антоним мешаванд. Масалан, гурўҳҳои ифодагари ҳаҷм: хурд – калон, дароз – кўтоҳ; масоҳат: дур – наздик, васеъ – танг; хосиятҳои ҳодисаҳои табиат: гармӣ – сардӣ, хушкӣ – тарӣ. Дар антонимҳои маъноӣ маъмулан маъноҳои ҷудогонаи ҳамон як калимаи алоҳида ба ҳам зид ҳастанд: қашанг – дағал, заҳмат – меҳнат.
Антрононимика (аз юн. anthropos ва onyma – ном) – бахши ономастика, ки антропоним – номҳои хоси одамон, патронимҳо (номи падар), номи хонаводагӣ, тахаллусу лақаб, кринтонимҳо – номҳои пинҳонӣ. Инчунин номҳои асарҳои адабӣ, номҳои қаҳрамононро дар эҷодиёти шифоҳии халқ – фолклор, асотиру афсонаҳо меомўзад.
Аорист (юн. aόristos) – категорияи дастурии феъли ҳиндуаврупоии бостон, ки дар якчанд парадигмаҳои шаклҳои шахсии аз ҷиҳати сохтору пайдоиш гуногун ифода меёфт. Дар забони тоҷикӣ аорист яке аз шаклҳои асосӣ ва аломати сиғавии феълҳои шартӣ-хоҳишмандӣ мебошад, ки вобаста ба он ва сохти ҷузъи асосии феълҳои таркибӣ тобишҳои замонӣ ва маъноӣ ифода меёбанд. Дар феълҳои таркибии сиғаи шартӣхоҳишмандӣ феъли ёвари будан ҳамеша ба шакли аорист меояд: Бо вуҷуди он, олими ҷавон то ҳоло навозандаеро надидааст, ки як оҳанги одиро бо изтироб ва ҳарорати дили худ ба ин дараҷа гарм ва рангин карда бошад (Ф.М.). Шакли аористи бошад (аз будан) дар ҷумла ба вазифаи пайвандаки хилофӣ низ кор фармуда мешавад: Баққол бошад, ба ин суханҳо гўш намедод (С.А.).
Апостроф (англ. apostrophe, нем. apostrophe – ба канор ё ақиб нигаронидашуда) – аломати болои сатр дар шакли вергул (’), ки дар бораи набудани ҳарф ё овози садонок гувоҳӣ медиҳад: Мас.: Д’Арк (ба ҷойи де Арк).
Апостроф (юн. Apostropos – ба ҷонибе ё ба ақиб нигаристан.
Аломати болоисатрии шабеҳи аломати вергул, ки дар ду маврид истифода

пешина
аз 389
навбатӣ