Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Малфуз а. ملفوظ грам. 1. Талаффузшаванда; 2. Талаффузшуда, талаффуз кардашуда; ғайри малфуз талаффуз нашаванда (оид ба ҳарф).
Матлингвистика - як соҳаи математика, ки вазифаи он тарҳрезӣ ва таҳияи усули шаклие, ки барои тасвири сохтори забонҳои табиӣ ва баъзе забонҳои сунъӣ истифода мешавад. Зарурати дақиқтар ошкор намудани мафҳумҳои асосии забоншиносӣ дар солҳои 50-и асри ХХ ин соҳаи математикаро ба вуҷуд овард. Усулу методҳои забоншиносии математикӣ ба методҳои мантиқи математикӣ шабоҳат дорад. Тасвири математики забон ба таълимоти Ф. де Соссюр: забон механизмест, ки вазифаи он дар фаъолияти нутқии соҳибонаш инъикос меёбад; натиҷаи он «матнҳои дуруст» – пайдарҳамии воҳидҳои нутқ аст,ки тобеи қонуниятҳои муайян буда, бештарини онҳо тасвири математикиро тақозо мекунанд. Таҳия ва омўзиши тарзҳои тасвири математикии матнҳои дуруст (пеш аз ҳамон ҷумла) мундариҷаи яке аз бахшҳои забоншиносии математикӣ – назарияи воситаҳои тасвири сохтори синтаксисӣ мебошад. Аз рўйи таъиноти худ забоншиносии математикӣ, пеш аз ҳама, олати забоншиносии назариявист. Ҳамзамон аз методҳои он дар тадқиқотҳои забоншиносии амалӣ, коркарди автоматии матн, тарҷумаи автоматӣ низ истифода мекунанд. Дар таҳияи луғатҳои чандомад (басомад), аз ҷумла дар таҳияи «Луғати чандомади девони Унсурӣ»-и Османов аз дастовардҳои забоншиносии математикӣ истифода шудааст.
Матн – текст – лот. texus – матоъ, ба ҳам пайвастан, пайванд.
Пайвастаи комили забон, ки вижагии алоқамандӣ ва яклухтиро доро буда, тавассути алоқаҳои сохторию маъноии воҳидҳои аломат ташаккул ёфта, воҳиди асосию мукаммали мухобирот ба шумор меравад. Дар семиотика дар зери мафҳуми матн пайдарҳамии ҳама гуна аломатҳо, ҳама гуна шакли алоқаю робита фаҳмида мешавад: рақс, расму оин, маросим.
Дар забоншиносӣ матн пайдарҳамии аломатҳои забонист. Таҳқиқи матн дар кишварҳои гуногун бо номҳои мухталиф: лингвистикаи матн, сохтори матн, грамматикаи матн сурат мегирад. Дар адабиётшиносӣ матн

пешина
аз 389
навбатӣ