Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

А.М., олмониҳо Сольмсен Ф. ва Бернектер Э. ва дигарон худро шогирдони Фортунатов Ф.Ф. мушумориданд. Саҳми Фортунатов дар тадқиқу омўзиши масоили забоншиносии умумӣ ва грамматикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ниҳоят калон аст. Ў асарҳои зиёде таълиф намудааст, амсоли «Зада дар забонҳои балтикӣ» (1895), «Лексияҳо оид ба фонетикаи забони қадимаи славянӣ» (1895), «Очерки мухтасари фонетикаи муқоисавии забонҳои ҳиндуаврупоӣ» (1922) ва амсоли ин. Дар таълифоти ў чунин омехтагиҳоро мебинем: а) ба ҷои ҳиссаҳои нутқ калимаҳоро аз рўйи як аломаташон ба гурўҳҳо ҷудо мекард; б) система аз рўйи далелҳо не, балки далелҳо аз рўйи система ба гурўҳҳо ҷудо мешуданд. Фортунатов баръакси Бодуэну Соссюр ба мавзўи баҳси забоншиносӣ танҳо таърихи забонро дохил менамуд.
Мактаби лингвистии Прага – шуруъ аз оғози солҳои 20-уми садаи ХХ мактаби лингвистии Прага ташаккул ёфта дар солҳои минбаъда рушд кард. Мактаби лингвистии Прага аз бузургтарин марказҳои забоншиносии структуралӣ (сохторӣ) ба шумор меравад.
Асосгузори мактаби мазкур забоншиноси маъруфи чех Аилям Метезиус ба шумор меравад. Дар рушди мактаби лингвистии Прага саҳми ҳамсафон, муҳаққиқон ва махсусан шогирдони В. Метезиус хеле назаррас ва бузург аст, ки С.О.Картсевский (1884–1955), Б. Трнка (1895– 1984), Б.Гавранек (1893–1978), Й.Коржинек (1899–1945), Я.Мукаржовский (1891–1975) ва Р.Якобсон ва дигар забоншиносонро дар ин симат зикр кардан мумкин аст. Насли нисбатан нави ин мактаб, ки ба солҳои минбаъда андешаҳои пешиниёнро идома доданд В.Скаличка, Й.Вахек, Ф.Данеш, Я.Фирбас, П.Сгалл ба шумор мераванд.
Дар рушди таълимоти збоншиносии мактаби лингвистии Прага саҳми муҳаққиқони дигар аз қабили Н.Трубетской, ки он вақт дар Вена зиндагӣ мекард, Г.О.Винокур ва Е.Д.Поливанов зиёд мебошанд.
Афкори забоншиносии ин мактаб ба таълимоти мактаби фонологии Москав таъсири азаррас дорад. Дар марҳалаҳои минбаъда мактаби лингвистии Прага асоси таълимоти худро бо ду ҷанбаи муҳими

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо