Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

умумӣ»-и Ф. де Соссюр такя мекунад. Насли якуми забоншиносони мактаби Женеваро шогирдони Соссюр Ш.Балли ва А.Сеше, С.О.Карцевский, насли дуюмро – А.Фрай, Р.Гёдель ва дигарон муаррифӣ менамоянд. Дар маркази таваҷҷўҳи мактаби Женева – проблемаҳои забоншиносии умумӣ,ки аз рўйи маводи забонҳои гуногун, пеш аз ҳама, забони фаронсавӣ ҳаллу фасл шудаанд, таносуби фардӣ ва сотсиалӣ дар падидаҳои забонӣ ва нутқ, робитаи забон ва тафаккур, проблемаи семиология, семантика ва синтаксис қарор гирифтаанд. Асари Соссюр «Хотира роҷеъ ба нахустсистемаи садонокҳо дар забонҳои ҳиндуаврупоӣ»
ба муаллиф шўҳрати умумиҷаҳонӣ овард, чунки дар он дар илми забоншиносӣ принсипи нави таҷдиди системаи фонологии нахустзабон аз рўйи маводи морфология ворид карда шуда буд. Дар асарҳои ба задаи литовӣ (аксентология) оид (1894–96) Соссюр (ҳамзамон бо Ф.Ф.Фортунатов), аммо мустақим хосияти (характер) зада ва оҳанги калимаро дар забонҳои балтикӣ муайян намуд (конуни Фортунатов – Соссюр. Соли 1916 «Курси забоншиносии умумӣ» нашр гардид, ки шогирдони ў Балли ва Сеше аз рўйи курси шунидаашон мураттаб намуда буданд. Дар ин асар ақидаҳо ба забон ташреҳ гардида буд, ки ба забоншиносии асри ХХ таъсири бузурге гузошта буд, аз ҷумла дар инкишофи забоншиносии сохторӣ, зеро аввалин бор дар забоншиносӣ забон ҳамчун система (структура-сохтор) баррасӣ гардид. Соссюр дар зуҳуроти гуногуни фаъолияти гуфтор ҷудо карда буд: забон – системаи аломатҳо, падидаи сотсиалию рўҳӣ, ки гўяндагон аз худ мекунанд – онро лингвистикаи забон меомўзад; нутқ падидаи фардию психофизиологист.
Лингвистикаро Соссюр ҳамчун як қисми илми нав, ки ҳаёти аломатҳоро дар дохили ҷамъият меомўзад шарҳ додаст. Онро семиология номид.
Аломати лингвистӣ (калима ва ҳиссаи маънодори он) моҳияти дуҷониба аст, ягонагии ифодашаванда (мафҳум) ва ифодакунанда (образи акустикӣ) буда, аз рўйи принсипи озодона амал мекунад. Хосияти дуюми аломати лингвистӣ – пайиҳам омадани ифодашаванда дар амали гуфтор (нутқ). Аз солҳои 70-и асри 20 Соссюрро ҳамчун намояндаи фалсафаи забон

пешина
аз 389
навбатӣ