Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Мазмун - маҷмўи маъноҳое, ки ба як фикри тамомшуда далолат мекунад. Калима маъно дораду ҷумла мазмун. Мазмун маънои васеъ дорад: мазмуни қисса; мазмуни ҳикоя; мазмуни роман.
Макролингвистика. 1. Забоншиносӣ ҳамчун илми ҷомеъ ва ягона, ки ба микролингвистика ва металингвистика ҷудо мешавад. 2. Як соҳаи забоншиносӣ, ки забонро дар сатҳи микробофт меомўзад, яъне ба таври васеъ тавассути методҳои оморӣ.
Макросегмент. Номи умумӣ барои ҳиҷои фонологӣ ва калимаи фонемагӣ.
Макросистемаи истилоҳот. Маҷмўи истилоҳоте, ки бо ҳамдигар дар сатҳҳои мафҳумӣ, луғавию маъноӣ, калимасозӣ ва дастурӣ (грамматикӣ) алоқаманданд: «Грамматика», «маънои грамматикӣ», «шакли грамматикӣ», «категорияи модалият» ва м.и.
Макротопоним – номи мавзеи калони табиӣ-ҷуғрофӣ, ки майдони васеи истифода дошта, маълуму машҳур аст: Африқо, Уқёнуси Ҳинд, Осиёи Марказӣ, Аврупо, Австралиё, Иёлоти муттаҳидаи Араб, Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва м.и.
Мактаби Александрия – суннати таҳқиқи забон, ки дар яке аз марказҳои мадании антиқа – Александрия, маркази Мисри қадим дар охири асри 4-и пеш аз эраи мо. Намояндаи барҷастаи ин мактаб Зенодот аз Эфеса, Ликофрон, Александр Этолийский ва дигарон. Танҳои таълифоти начандон зиёди филологҳои Александрия боқӣ мондааст. Дар анъанаи мактаби Александрия филология ва грамматика ҳамчун як соҳаи филология ташаккул ёфтааст. Принсипҳои тасвири забон, ки дар мактаби Александрия тарҳрезӣ шудааст, дар адабиёти илмӣ ҳамчун «системаи грамматикаи александрӣ» машҳур аст. Ин мактаб предмети грамматикаро аз соҳаҳои дигари забон ҷудо намуда, дар он бахшхои гуногунро ҷудо намуд, ки намунаи фонетика, морфология ва синтаксиси ҳозира мебошад. Мактаби Александрия таълимот дар бораи забонро дар ҳамаи қабатҳои он, аз «унсурҳо», ё «ҳарфхо» оғоз намудааст. Аз рўйи аломатҳои акустикию талаффузиашон садонокҳо, ҳамсадохо ва

пешина
аз 389
навбатӣ