Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

дастаҷамъии олимону ноширон ва намояндагони соҳаҳои гуногунро тақозо мекунад. Масалан, дар мураттаб ва таҳияи «Энсиклопедияи советии тоҷик», ки аз 8 ҷилд иборат аст, олимон, адибон, мутахассисони соҳаҳои гуногун саҳм гузоштаанд. Дар танзиму таҳияи энсиклопедияи соҳавӣ низ иштироки мутахасисони зиёди луғатдон зарур аст. Чунончи, дар омода намудани «Лингвистический энциклопедический словарь»
(Москва «Советская энциклопедия», 1990. – 683 стр.) зиёда аз 300 нафар олимони машҳури забоншинос (амсоли Л.И. Абалкин, В.А.Амбарсумян, Н.Н.Боголюбов) ширкат варзидаанд. Луғатҳои энсиклопедӣ аз рўи мавзўъ, мазмуну мундариҷаи калимаю истилоҳоти тафсирёбанда ба се гурўҳ ҷудо мешаванд: 1. Энсиклопедияи умумӣ (мас., «Энсиклопедияи советии тоҷик»); соҳавӣ (мас., «Энсиклопедияи адабиёт ва санъат») ва минтақавӣ (регионалӣ). Дар таърихи қомуснигории тоҷик унсурҳои энсиклопедияҳои соҳавӣ доир ба таърих, ҷуғрофия, тиб, кайҳоншиносӣ, дин, мантиқ, арўз, иқтисодиёт, кишоварзӣ мавҷуд буданд. Асарҳои «Таърихи Табарӣ» ва «Равзат-ус-сафо»-ро бинобар маълумоти муҳими таърихӣ доштан оид ба мамолики Шарқ, Осиёи Миёнаю Афғонистон ва Эрон энсиклопедияи соҳавӣ номидаанд. Дар тамаддуни башарӣ энсиклопедияҳои умумии «Энсиклопедияи калони шўравӣ», Энсиклопедияи Британия (ИМА ва Британияи Кабир), «Брокгаузи бузург (РФГ)», «Ларусси бузург» (Фаронса), «Энсиклопедияи италиявии илм, адабиёт ва санъат», «Энсиклопедияи бачагона» (Иттиҳоди Шўравӣ) аз луғатҳои пурғановат ҳисобида шуда, дар таҳаввулу инкишофи илми ҷаҳонӣ мавқеъ ва мақоми бузург доранд.
Луғатҳои этимологӣ. Дар луғатҳои этимологӣ калимаҳои забони муосир бо шаклҳои хеле бостониашон ва мувозиҳо ва муодилҳои дар забонҳои хеш ва наздик доштааш муқоиса карда шуда, қолаби овозӣ ва маънои қадимтарини онҳо дар ҳамин асос барқарор карда мешаванд. Ба гуфти Антуан Мейс – яке аз асосгузорони методи тадқиқи муқоисавию таърихӣ «муқоиса барои ба даст овардани ду мақсади мухталиф – ошкор намудани қонуниятҳои умумӣ ва ба даст овардани маълумоти таърихӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо