Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

фарқкунанда. Аломатҳое, ки барои фарқ кардани ҷумлаҳои баробарҳуқуқ, қисмҳои онҳо (мас., аз ҷумлаи мураккаби тобеъ ҷудо кардани сарҷумла ва ҷумлаи пайрав, аъзоҳои чидаи ҷумла, нишон додани фосилаҳои нутқ, хизмат мекунанд: нуқта, вергул, нуқтавергул, аломатҳои пурсиш, хитоб, дунуқта, сенуқта).
Аломатҳои фарқкунанда. Фонема дар системаи (низоми) забон дар муносибатҳои тазодии байни ҳамдигар қарор дорад. Асосу бунёди тазодро аломатҳои фарқкунанда ташкил медиҳанд, ки умумияти хосиятҳои талаффузӣ (артикулятсионӣ) ё акустикии (шунавоии) овозҳои нутқанд.
Аломатҳои фарқкунандаи ҳамсадоҳои тоҷикӣ. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик 24 фонемаи ҳамсадо мавҷуд аст: б, п, м, в, ф, д, т, з, с, н, л, р, ж, ш, ҷ, ч, й, г, к, ғ, х, қ, ҳ, ъ. Ин фонемаҳо байни худ алоқаю робитаи муайян доранд ва аз рўи низоми муайян амал мекунанд. Муносибати байни фонемаҳоро шабоҳат ва тафовути онҳо муайян менамояд.
Шабоҳату тафовути фонемаҳоро аломатҳои фарқкунандаи (нишонаҳои тафриқии) онҳо дар тазодҳои фонологӣ ошкор месозанд. Нишонаҳои махраҷи тавлид, тарзи тавлид, иштироки резонаторҳо, иштироки лаҳн ва шавшув барои ошкор намудани системаи ҳамсадоҳои забони адабии тоҷикӣ муҳим аст.
Аломатҳои фарқкунандаи садонокҳои тоҷикӣ - фонемаҳои садоноки забони тоҷикӣ дар сатҳи фонетикӣ аз ҳамдигар бо хусусиятҳои қатор, бардошт, кори лабҳо ва тамдид фарқ мекунанд, аммо дар сатҳи фонологӣ барои аз якдигар фарқ кардани садонокҳо ду хусусият – аломати аввал:
қатор ва бардошт аҳамияти аввалдараҷа дорад. Ин ду аломат ҳамаи шаш фонемаи садонокро аз якдигар ҷудо карда, яклухтию бутунии садонокҳоро таъмин менамоянд. Садонокҳои забони адабии тоҷикиро дар системаи фонологӣ ду аломат – нишонаи тафриқӣ: бардошт ва қатор муттаҳид менамояд. Хусусиятҳои дигари онҳо: устуворию ноустуворӣ ва иштироки лабҳо нишонаҳои иловагианд, ки ҳангоми тавсифу тасвири

пешина
аз 389
навбатӣ