Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

иловагии луғавӣ, ки бо мисолҳои мўътамад асоснок карда мешаванд, фразеологияи калимаи тафсиршаванда низ ба маънои хеле васеи он оварда мешавад. Масалан, баъзе маъноҳои калимаи дам танҳо дар таркиби воҳидҳои фразеологӣ маҳфуз мондаанд: 1. «гап, овоз»: дам задан, дам набаровардан. 2. «истироҳат»: дам гирифтан, дам додан. 3. «хўрок»:
дами гарм. Дар забони адабии муосири тоҷик луғатҳои зерини тафсирӣ мураттаб шудаанд: Айнӣ С. Луғати нимтафсилаи тоҷикӣ барои забони адабии тоҷик // С.Айнӣ. Куллиёт. – Ҷилди 12. Душанбе: Ирфон, 1976. – С.
5–563. Ин асар нахустин луғати тафсирии забони адабии муосири тоҷикист,ки соли 1938 мураттаб шуда буд ва танҳо дар солҳои 70-уми асри гузашта ба табъ расидааст, ки 11400 калимаро дарбар мегирад. Фарҳанги забони тоҷикӣ. / Мураттибон Т.Н.Зеҳнӣ, В.А.Капранов, И.А.Ализода, С.Ҷ.Арзуманов, Ҳ.А.Рауфов ва дигарон. – Зери таҳрири М.М.Шукуров, В.А.Капранов, Раҳим Ҳошим ва Н.А.Маъсумӣ. – Дар ду ҷилд. – М., 1969.
– Ҷ. 1. – Ҳарфҳои А–Д. – 951 с.; - Ҷ. 2. – Ҳарфҳои П–Ҷ. – 948с. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» тақрибан 45 000 калима ва ибораҳои осори классикони адабиёти асрҳои Х то ибтидои асри ХХ-и тоҷик маънидод шудаанд. То имрўз луғати мукаммали тафсирии мўътамади забони адабии муосири тоҷикӣ ба вуҷуд наомадааст. Аҳли қалами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба луғати тафсирии шабеҳи «Словарь русского языка»-и С.И.Ожегов, ки тақрибан 57 000 калимаро дарбар гирифтааст ва даҳҳо маротиба ба табъ расидаасту луғати беҳамтост, ниёз дорад.
Луғати чаппа. Луғате, ки дар он тартиби алифбоии мавод нигоҳ дошта мешавад, аммо аз рўи аввал не, балки интиҳои калима. Соли 1958 дар Берлин луғати чаппаи забони муосири русӣ зери таҳрири Г.Бильфельдт нашр гардид, ки 80 ҳазор калимаро дарбар мегирифт.
Луғати чаппаи мукаммал зери таҳрири М.Фасмер дар шаш нашр (1957- 1959) чоп шуд. Соли 1974 дар Москва «Луғати чаппаи забони русӣ» нашр шуд, ки 125 ҳазор калимаро дарбар мегирад. Дар асари Р.Х.Додихудоев «памирская микротопонимия» (1975) доир ба микротопонимҳои Помир ин гуна луғат истифода шудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо