Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

грамматикии тоҷикии дар китобҳои дарсии мактабҳои миёна ва олӣ истифодашударо дар тарҷума бо муодилҳои русиашон дарбар мегирад.
Луғати тарҷумавӣ. Луғати тарҷумавӣ калимаю ибораҳои як забонро аз ҷиҳати маъно ба забони дигар бармегардонад. Барои хубтар аз худ кардани забони тарҷумашаванда тарзи талаффузи калимаҳо дар шакли транскрипсия (овонавишт) бо аломате ишора кардани қолаби заданокии калима оварда мешавад. Илова бар ин, роҷеъ ба калимаи тарҷумашаванда маълумоти зарурии дастурӣ ва услубӣ низ зикр мегардад. Маъмултарин тартиби ҷойгиршавии калимаҳо аз рўи тартиби алифбо овардани калимаҳост. Калимаҳои сермаъною омонимҳо аз рўйи талаботи луғатҳои тафсирӣ шарҳ дода мешаванд. Агар калима сермаъно бошад, то ҳадди имкон ҳамаи маъноҳо бо калимаҳои муодили забони тарҷумакунанда муайян карда мешаванд; Меҳрубон – добрый, ласковый, нежный, любящий; милосердный; модари меҳрубон – ласковая мать; дўсти меҳрубон – любящий друг («Луғати русӣ-тоҷикӣ», минбаъд ЛРТ; фиғон – рыдание, плач; крик, вопль, стон; фиғон бардоштан (баровардан, кардан, намудан, кашидан) – ридать, плакать, стонать; издавать вокли). Ҳар як луғати ба тозагӣ таҳияшуда шакли такмилёфтаи луғати пешина аст. Агар луғати нави русӣ-тоҷикии нашри соли 1985-ро бо нашри соли 1949 муқоиса намоем, тавсиаи ҳаҷми луғат ва аз ҷиҳати мазмун такмил ёфтани моддаҳои (мақолаҳои) луғатро бараъло мушоҳида мекунем. Калимаҳои тарҷумашаванда маъмулан дар шакли муфрад, бидуни бандакҳои феълию хабарӣ, бандакҷонишинҳо ва бандаки изофӣ (яъне дар шакли луғатиашон) ҷой дода мешаванд. «Фарҳанги русӣ ба форсии калимаҳои умумиистеъмолии шеваҳои кишвари Туркистон» (мураттиб В.Н.Наливкин, соли 1889) ва «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и (чопхонаи Бухорои Нав, 1889) Шоҳҳайдар Ҳотамбоевро чун нахустин луғатҳои тарҷумавӣ ном бурдан мумкин аст. «Луғати русӣ-тоҷикӣ»-и нашри соли 1985 мукаммалтарин луғати тарҷумавӣ ба шумор меравад,ки дар он 72 ҳазор воҳиди луғавӣ ба тоҷикӣ баргардонида шудааст. Луғатҳои мухтасар низ мавҷуданд,ки хусусияти таълимӣ дошта, барои хонандагони мактабҳои

пешина
аз 389
навбатӣ