Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

луғатҳо ду усули тафсири маънои калимаҳои осори адибон мушоҳида мешавад: а) дар моддаҳои луғат танҳо маънои истеъмолии хоси як муаллиф оварда шуда, ба маънои аслӣ бо истилоҳи «1. маъруф» ишора гардидааст ва маъноҳои дигар паиҳам бо мисолҳо эзоҳ ёфтаанд: Мард 1.
маъруф; 2. одам, шахс; 3. ҳамрадиф, шоиста; ҳариф; 4. сарбоз, сипоҳӣ, ҷанговар. (А.Нуров. Фарҳанги ашъори Рўдакӣ); б) мақолаҳои луғат ҳамаи маъноҳои калимаро дар бар гирифтаанд: Гизоф 1. беҳуда, бефоида; 2.
ғалат, хато. Донистан 1. огоҳ будан, бохабар будан; 2. фаҳмидан; 3.
донандаи чизе будан; 4. бовар ҳосил кардан, эътимод кардан; 5. фарқ карда тавонистан; 6. хулоса баровардан; 7. яқин кардан; 8. аз худ кардан, ёд гирифтан; 9. майлу хоҳиш ба дарки чизе кардан; 10. тавонистан, қудрат доштан; 11. ҳисоб кардан, шумурдан; 12. ҳис кардан, эҳсос намудан (А.Нуров. Фарҳанги ашъори Рўдакӣ. – Душанбе, 1990, саҳ. 73, 100).
Луғатшиносони тоҷик соли 1978 «Луғатнома»-и осори С.Айнӣ»-ро таҳия намуданд, ки 24 ҳазор калимаҳои осори адибро (бидуни ҷилдҳои 12, 13-и Куллиёт) дар бар мегирад ва калимаҳо ягон шарҳу эзоҳ надоранд.
Маълумотҳои мақолаҳои луғатҳои осори адибон имкон медиҳанд, ки воситаҳои нави тасвир, санъатҳои марғубу барҷастаи сухани ноби тоҷикӣ кашф шуда, усули нигориши фардии шоир ё нависанда муайян гардад.
Луғати паронимҳо. Дар чунин луғатҳо калимаҳои ҳамрешаи аз ҷиҳати тарзи талаффуз ё қолаби заданокӣ, оҳанг наздик, ки дар ифодаи маъно қисман мувофиқат мекунанд ё бо ҳам қаробат доранд, шарҳ дода мешаванд: мақсад-мақсуд, мафҳум-мавҳум, нуфуз-нуфус.
Луғати синонимҳо. Луғате, ки бо ҳамдигар синоним (муродиф) шудани калимаҳоро нишон дода, маъно ва мавқеи истеъмоли онҳоро низ шарҳ медиҳад. Дар луғати синонимҳо силсилаи синонимҳо аз рўи тартиби алифбо оварда мешавад ва меъёри асосӣ дар силсила калимаи сарсила (доминант) ва дараҷаи ифодаи мафҳум аст. Чунончи, аз силсилаи синонимии бардошт, тамкин, сабр, тоқат, таҳаммул, худдорӣ, тобоварӣ, шикебоӣ, калимаи сабр сарсилсила буда, ҳангоми паиҳам зикр намудани маводи луғат калимаи сабр дар ҷои аввал гузошта мешавад, сипас

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо