Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

сода бо ҳам омада, навъи мураккабро ба вуҷуд меоранд. Луғатҳои калимасозӣ аз ҷиҳати сохтори калимаҳо 3 навъанд: а) луғати калимаҳои сохта; б) луғати калимаҳои мураккаб; луғати калимаҳои ҷуфтистеъмол (хушбоду ҳаво, сермурчу қаламфур). Луғати мухтасари калимасозии забони адабии тоҷик «ду навъи аввали луғатҳоро омезиш додаст ва онро луғати калимасозии сохтаю мураккаб номидан мумкин аст (ниг.:
Ш.Бобомуродов, А.Мўминов. Луғати мухтасари калимасозии забони адабии тоҷик. – Душанбе, 1983. – 116 саҳ.). Дар боби «Калимаҳои сохта»
номгўи калимаҳои содае, ки хусусияти калимасозии сохта доранд, оварда шуда, пас аз онҳо пешванду пасвандҳо зикр гардидаанд. Масалан, пас аз калимаи ақл дар қавсайн пасванду пешвандҳои ба-, бо-, бе-, -нок, -ӣ; бе - ӣ, бо -она, бо -и дода шудааст, ки калимаи ақл бо онҳо имкони калимаҳои нав сохтан дорад (баақл, боақл, беақл; ақлнок, ақлнокӣ; беақлӣ, беақлона, боақлӣ). Дар боби дуюми ин луғат, ки калимаҳои мураккаб бо имконияти қабул кардани вандҳо фароҳам омадаанд: пешрав(-ӣ), хушбахт(она, -ӣ).
Луғатҳои калимасозӣ барои баланд гардидани савияи забондонии толибилмон аҳамияту арзише доранд. Роҷеъ ба забонҳои ҷудогонаи эронӣ ва ё маҷмўи забонҳои эронӣ чунин луғатҳо мураттаб шудаанд: 1. Абаев В.И. Историко-этимологический словарь осетинского языка. – Т. 1. – М. – Л., 1958. – 655 с.; Т. 2. – Л., 1973. – 448 с.; Т. 3. – Л., 1979. – 358 с.; Т. 4., 1989.
– 352 с. (Луғати таърихию этимологии забони осетинӣ). 2. Расторгуева В.С. Эдельман Д.И. Этимологический словарь иранских языков. – Т. 1. – М., 2000. – 327 с. (Луғати этимологии забонҳои эронӣ). 3. Ҷўраев Р.
Этимологияи сад калима. – Душанбе, 1985. – 28с.
Луғати омонимҳо. Луғати омонимҳо калимаҳои таркиби овозиашон якхелаю маъноҳои гуногун дошта ва ба як ҳиссаи нутқ мансуббударо бо овардани мисолҳо аз осори бадеӣ тафсир медиҳад. Аз ҷиҳати тарзи тафсири маънои калима луғатҳои омонимӣ ба луғатҳои тафсирӣ шабоҳат доранд. Аз ин рў, иддае аз калимаҳои омонимӣ дар луғатҳои тафсирию тарҷумавӣ низ ҷой дода, онҳоро барои фарқ кардан бо аломатҳои махсус (бештар бо рақамҳои румӣ) ишора мекунанд. Дар луғатҳои омонимӣ ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо