Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Қонунҳои фонетикӣ (қонунҳои овозӣ) – қонунҳои амалкард ва инкишофи воҳидҳои ҷиҳати овозии забон: фонема, ҳиҷо, зада, оҳанг.
Тағйиротҳои фонетикӣ дар заминаи конуниятҳои мавҷудаи ин ё он забон ба вуҷуд меоянд. Қонуниятҳои фонетикӣ мунтазамии муносибатҳои фонетикӣ, тартиби муайян доштани низому робитаи фонемаҳо ва тағйироти фонетикӣ: монандшавӣ, бадалшавӣ, тахфиф ва афзоиши овозҳои нутқро дар бар мегирад.

Л
Лабӣ (лабиҳо). Лабҳо узви дуюмӣ мебошанд, ки дар тавлиди садонокҳои тоҷикӣ фаъолона иштирок мекунанд. Онҳо дар тавлиди баъзе садонокҳо доиравор гирдшуда, ба дараҷаи кам ё зиёд ба пеш ҳаракат мекунанд. Вобаста ба иштироки лабҳо садонокҳоро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: 1. Садонокҳои лабӣ – ў, ў, о. 2. Садонокҳои ғайрилабӣ – и, э, а.
Хуссуияти лабӣ дар системаи садонокҳои тоҷикӣ зиёдатист, зеро система ба он эҳтиёҷ надорад: нишона – аломати лабӣ фонемаҳоеро фарқ мекунад, ки онҳо ба воситаи нишонаҳои дигар (қатор (ҳаракати амудии забон) ва бардошт) (ҳаракати уфуқии забон) фарқ кунонида шудаанд.
Лабудандонӣ. Ҳамсадоҳои лабиро ба ду гурўҳ ҷудо мекунанд: а) лабулабӣ (б, п, м) ва б) лабудандонӣ (в, ф). Ин таснифот мувофиқи кори узвҳои фаъол ва ғайрифаъол сурат мегирад.
Лаконизм (юн. lakonizmos) маҳорати мухтасар баён карда тавонистани фикр, ғоя, амал; рехтагўӣ, мўҷазбаёнӣ.
Лақаб (ар. лақабун) – номи дуюме, ки ба тариқи ифтихор, мадҳ ё ҳаҷву мазаммат ба номи аслии касе илова карда мешавад ё ҷойи аслии ўро мегирад. Лақабро ба одам мегузоранд. Дар ин маънӣ лақаб аз тахаллус, ки онро худи шоир ё нависанда интихоб мекунад, фарқ дорад. Дар лақабгузорӣ, одатан, хусусиятҳои ботинӣ ва зоҳирии инсон ба ҳисоб гирифта мешавад. Мас.: «Ва номи он подшоҳ Қароҷурин – турк буд ва онро аз ҷиҳати бузургӣ ба Ёву лақаб карда буданд» (Таърихи Наршахӣ).
Ё ин ки: Аҳмади Дониш –Аҳмади Калла; Темур – Темури ланг. Адибони тоҷик низ аз лақаб васеъ истифода кардаанд. Чунончи: Қорӣ Шикамба, Аҳмади девбанд, Ҳамдам-фўрма (С.А.); Муҳаррами Ғарҷ, Оймуллои танбўр (Ҷ. И.).
Ларзанда (ҳамсадои ларзанда). Ҳамсадоҳои тоҷикӣ аз ҳамдигар бо шавшуви хоси худ низ фарқ мекунанд. Шавшуви ҳамадоҳоро монеаҳое, ки дар дами ҳаво дар ягон ҷойи дастгоҳи овозсозӣ воқеъ мегардад, ба вуҷуд меорад. Ин монеаҳо дар натиҷаи се тарзи ҳамкории узвҳои овозсоз пайдо мешаванд: а) дар натиҷаи ба ҳамдигар расидан; б) дар сурати ба ҳамдигар

пешина
аз 389
навбатӣ