Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(қатор ва бардошт) аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ин ду нишона шаш фонемаи садонокҳоро аз ҳамдигар ҷудо карда, яклухтии системаи садонокҳоро таъмин менамояд.
Криптограмма (юн. kriptos) – махфӣ, пўшида ва gramma – хат, мактуб. Хат ё ҳуҷҷате, ки бо тарзи махсуси махфӣ-криптография навишта шудааст.
Криптография (юн. kriptos – махфӣ, пўшида ва grapho – менависам).
Мактуб, хатҳои гуногуни махфӣ, ки бо алифбои рамзӣ (шифр) навишта шудааст.

Қ
Қавоиди муколама - ҳамчунин онро қавоиди сухангўӣ ё сўҳбат кардан мегўянд ва инчунин қавоиди муштарак байни гурўҳе аз мардум.
Он қавоиде, ки бар гуфтугўи шифоҳии онҳо ҳоким аст. Масалан мумкин аст қавоиди муколама ба танзиму тартиб кардан мавориде аз ин қабил бипардозад, ки дар муколама чӣ мавқеъ бояд сўҳбат кард ва чӣмавқеъ набояд сўҳбат кард. Дар як мавқеияти хос чӣ чизҳое бояд гуфт, муколамаро чӣ гуна шурўъ кунем ва чӣ гуна поён диҳем. Ин қавоид натанҳо дар забонҳои мухталиф мутафовутанд (фарқ мекунанд), балки гурўҳҳои иҷтимоии мухталиф ҳам, ки ба забони воҳид сўҳбат мекунанд, низ мутафовутанд.
Қавс ё қавсайн вазифаҳои маъноӣ ва услубии гуногун дорад. 1. Дар нутқи хаттӣ ҳамчун аломати луғати тафсирӣ хизмат мекунад. Калимаю ибораҳои номашҳур, таърихию матрук, шевагӣ ва маҷозӣ дар қавс шарҳ дода мешаванд: – Бирав, ана дар он ҷо шин, – гуфта ба тарафи собот (бостурма) фиристод (С.У.). 2. Ҳудуди калимаю ибора ва ҷумлаҳоро ҷудо мекунад, ки бо ҷумлаи асосӣ алоқаи грамматикӣ надоранд: Соҳиби ҳуҷра гўшту сабзиро ба ман фармуда (одатан биринҷу равған дар ҳуҷра тайёр буд) худ ба дарсаш мерафт (С.А.). 3. Шарҳу эзоҳи калима ва ҷумлаҳои забонҳои бегонаро, ки баъзан дар сурати ҷумла воқеъ мешаванд, ҷудо мекунад: Дигаре ба сухани ў илова кард: “Наузу биллоҳ (ба Худо паноҳ мебарам), ки ин худобехабар як кофир шуда намондааст” (С.У.).
Қайд - нишондоди қомуснигорӣ, ки баъд аз тафсир ё тарҷумаи калимаю таркибҳои ҷудогона вобаста ба хусусиятҳои луғавӣ, грамматикӣ ва ё услубӣ дода мешавад: а) калимаи аслан арабӣ; таър. (калима хусусияти таърихӣ дорад); Ниг.: (нигаред); адш. (адабиётшиносӣ); муқ.
(муқоиса карда шавад); мас. (масалан); гуфт. (гуфтугўӣ).
Қисми асосии ҷумлаи сода. Қисми ҷумлаи сода, ки бо хориҷ кардани аъзоҳои туфайлӣ, истисноӣ,нидоҳо ва ҷумлаҳои иловагӣ-эзоҳӣ боқӣ мемонад.

пешина
аз 389
навбатӣ