Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

предмету ҳодисаҳои воқеӣ: предметҳо аломату хусусият, миқдор, амалу ҳолат мебошанд ё барои ишора хизмат мекунанд.
Калимаҳои маънодор (мустақилмаъно). Калимаҳое, ки маънои мустақили луғавӣ дошта, ном (китоб, тифл), сифат (хуб, чўбин), шумора (сад, дусад), амалу ҳолат (рафтан, хуфтан), муносибат ва ё чигунагии предметҳои ҳаёти воқеиро фаҳмонда ба вазифаи аъзоҳои ҷумла (мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол) меоянд.
Калимаҳои модалӣ. Гурўҳи калимаҳои хусусияти луғавию грамматикӣ доштае, ки тавассути онҳо гўянда муносибатҳои гуногуни ба ҳақиқати мавҷуда доштаи худро баён мекунад ва маънои муайяну мушаххаси луғавӣ надоранд. Чунин калимаҳо муносибатҳои мантиқии фикр (бегуфтугў, дар ҳақиқат, бешубҳа), ифодаи имконпазирӣ, эҳтимолӣ, тахмину гумон (шояд, мумкин, аҷабне, раваду)-ро мефаҳмонанд.
Калимаҳои модалӣ, аъзои ҷумла намешаванд, аммо вазифаҳои муайяни синтаксисиро иҷро мекунанд: 1. Ба сифат: калима-ҷумла бештар дар нутқи диологӣ кор фармуда мешаванд: – Шумо он касро мешиносед? – Албатта (Ҷ.И.). 2. Дар таркиби ҷумла ҳамчун калимаҳои иловагию эзоҳӣ (аъзоҳои истисноии ҷумла) меоянд: – Шумо, мумкин, аз кори онҳо хеле барвақт хабардор шудаед? – Раваду бехабар шуда бошам-чӣ? (С.У.).
Калимаҳои муаллиф. Калимаҳое, ки одатан аз феълҳо иборат буда, (розӣ шудан, тасдиқ кардан, эътироф кардан) дар таркиби нутқи диалогӣ (муколама) ҳиссиёту эҳсосот, қаҳру ғазаб, чигунагӣ, хислату хусусиятҳои воқеъшавии амалу ҳолатро мефаҳмонад. Бар замми ин, ибораю ифодаҳое, ки объекти тасвирро шарҳу эзоҳ медиҳанд (овози ҷонхарош баровардан, ҷавоби ҳақ додан, қатъиян розӣ нашудан ва амсоли инҳо) дохил мешаванд.
Калимаҳои муқобилмаъно (ниг.: антонимҳо).
Калимаҳои мураккаб. Аз рўи маънои дохилиашон ду калима ба як калима пайваст гардида, калимаи мураккаб пайдо мешавад. Калимаҳои мураккаб аз ду калимаи сода а) ҷавонмард, саркор, модаркалон, ширбиринҷ, дусад; б) аз калимаи сохтаю сода: оҳангархона, тоҷикписар,

пешина
аз 389
навбатӣ