Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

муосир ба гурўҳи нишонаҳои фарқкунандаи калимаҳо хосиятҳои муташаккилии овозӣ, аз матнҳои гуногунҳаҷм ҷудо шуда тавонистан, ба маъноҳои гуногун далолат кардан, бо калимаҳои дигар ҳамнишин шудан нисбат дода шудаанд. «Калима ҳамчун маҷмўи системаи шаклҳо ва маъноҳо меҳвари робитаҳо ва муносибатҳои категорияҳои грамматикии забон аст!»3 Дар забоншиносии муосир хосиятҳои зайл ҳамчун нишонаҳою аломатҳои фарқкунандаи калимаҳо зикр ёфтаанд: а) муташаккилии овозӣ; б) ифодаи маъноҳо; в) ҷудонопазирии таркиб; г) як зада доштан; ғ) доимӣ будани сохту маъно; д) масолеҳи тайёри забон будан; е) якҷоя шакл гирифтан; ё) ҳамнишинӣ бо калимаҳои дигар ва ж) ба вазифаи номинативӣ соҳиб будан.4 Калимаи вобастакунанда. Дар таркиби ибораи бо алоқаи вобастагӣ ташкилшуда калимаест, ки калимаи дигарро ба худ тобеъ мекунад. Ниг.:
Калимаи тобеъкунанда. Калимаи вобасташаванда. Дар алоқаи синтаксисӣ (вобастагӣ) калимае, ки ба калимаи вобастакунанда тобеъ шуда меояд:
китоб гирифтан, китобро гирифтан, ба мактаб рафтан, дар кўча гаштан.
Алоқаи вобастаи калимаҳо бо ёрии пасоянду пешвандҳо ифода меёбад.
Калима-ҷумлаҳо. Ҷумлаҳое, ки аз як калима ё таркиб иборат буда, фикреро ифода мекунанд. Чунин ҷумлаҳо бештар дар муколама (диалог) истифода мешаванд: 1. Калима-ҷумлаҳои тасдиқӣ: ҳа, бале, оре, хуб, маъқул, майлаш; Канӣ, гўй, укаҷон корҳоят чӣ тавр? – Нағз, акаҷон (Р.Ҷ.);
– Падарат зинда аст? – Ҳа (С.А.). 2. Калима-ҷумлаҳои инкорӣ: – Ту кистӣ, раис ҳастӣ? – Не (С.У.). – Ту ҳам ҳамроҳ рафтанӣ? – Ҳаргиз! (П.Т.). 3.
Калима-ҷумлаҳои инкорӣ: – Ту кистӣ, раис ҳастӣ? – Не (С.У.). 4. Калимаҷумлаҳои хитобӣ:
Аз боғи назм хирмани гул ҷамъ кардаӣ, Худ ҳам шукуф мисли гулон! Қанд зан! Намир (А.Д.).
Калимаҳои адабии китобӣ маҷмўи вожаҳои хоси забони адабиёти бадеиро ташкил медиҳанд: бадеъулҷамол «соҳибҷамол, зебо», вопасин «охирин», падруд «хайр, то абад», тараҳҳум «раҳм, шавқат». Аломатҳои

пешина
аз 389
навбатӣ