Зеҳн
Фарҳанги истилоҳоти забоншинос

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 389 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

сифат, шумора, ҷонишин ва сифати феълӣ низ муайян мекунанд: дарахти баланд, ошёнаи панҷум, гули шукуфта, писари ман. Исмҳо ба вазифаи ҳамаи навъҳои ҳол низ меоянд. Исм ягона ҳиссаи нутқест, ки ба вазифаи ҳамаи аъзоҳои ҷумла омада метавонад. Исм дорои ду категорияи грамматикист: категорияи номуайянӣ ва категорияи шумора.
Исмҳои зот (конкрет) ва маънӣ (абстракт). Исмҳои конкрет (зот) одамону предметҳои олами воқеиро мефаҳмонанд. Онҳо аз нусхаҳои алоҳида иборатанд, шумурда мешаванд, вазну шаклу ҳаҷму маза доранд.
Чунин исмҳо бо шумораҳо меоянд ва дар ин маврид дар шакли танҳо истеъмол мешаванд: 5 дафтар, даҳ донишҷў, бист адад китоб. Исмҳои конкрет (зот) дар ду шакл – танҳову ҷомеъ кор фармуда мешаванд:
донишҷў-донишҷўён.
Исмҳои маънӣ (абстракт) мафҳумҳои маънӣ, сифату хислат ва амалу ҳолат мебошанд. Ин гуна исмҳо номи ҳодисаҳои табиат (сармо, торикӣ), истилоҳоти илмӣ (моҳият, ҳастӣ), мафҳумҳои гуногун (зиндагӣ,марг, ҳақиқат), номҳои сифату хислати предметонидашуда (баландӣ, паҳно, зебоӣ, шуҷоат) ва амалу ҳолат (мубориза, талош, шўҳрат)-ро ифода мекунанд.
Исмҳои миқдорӣ (шуморавӣ). Исмҳое, ки аз шумора сохта шуда, миқдори муайянро ифода мекунанд: панҷа, ҳафта, даҳа, сада, ҳазора, чилла. Исмҳои танҳо. Исмҳое, ки аз рўи шакл ва маънои луғавиашон якто будани предметро мефаҳмонанд: нон, коса, гул, шаҳр. Исмҳои ҷамъ.
Исмҳое, ки бо ёрии пасвандҳои ҷамъбандии -он (-ён, -вон, -гон), -ҳо бисёрии шумораи предметро ифода мекунанд: хонаҳо, китобҳо, меҳмонон, паррандагон, оҳувон. Исмҳои ҷуфт. Исмҳое, ки шаклан танҳо буда, аслану табиатан дуто (ҷуфт) мебошанд: мўза, маҳсӣ, кафш, туфлӣ, айнак. Чунин исмҳо пасвандҳои ҷамъбандӣ гиранд ҳам, дуто будани предметро ифода намекунанд: чашмонам дард мекунанд, дастонаш пурқувватанд; Гўшҳояш сих мезананд. Исми феълӣ. Исмҳое, ки аз асосҳои замони ҳозира ва гузаштаи феъл бо пешванду пасвандҳо сохта шудаанд:
пурсиш, хониш, дониш, кўшиш; рафтор, гуфтор, гуфтугў.

пешина
аз 389
навбатӣ