Ҷаҳони Тоҷикон

Ихтирои хат яке аз кашфиётҳои муҳимтарини бунёдӣ дар роҳи дарозмуддати тадриҷии (эволютсияи) башарият ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ин аҳамияти таърихии ҷаҳонии хатро бо ихтирои оташ ё ихтирои чарх муқоиса кардан мумкин аст. Бо вуҷуди ин, гузаштагони пуршарафи мо (ориёиҳо), ки ба ихтирои чарх даъво доранд, дар ин соҳаи муҳимтарини ҳаёти инсон (нақши хат) роҳи ғайрифаъол, яъне интиқоли шифоҳии иттилоотро интихоб карданд.
Маздоизм ва шохаи ислоҳшудаи он – анъанаи зардуштия ба хат ҳамчун «офариниши шариронаи аҳриманӣ» муроҷиат карда, ҳифз, дарҷ ва интиқоли тамоми бағоҷи азими ин тамаддуни асилро барои интиқоли шифоҳии он ба наслҳои баъдӣ вогузор кардааст. Бешубҳа, интиқоли шифоҳии иттилоот бартариҳои (мазҳабӣ ва маросимӣ) дошт, аммо тавсифи ҳам ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҳам корҳои давлатҳои ҷаҳони зардуштӣ, дар интиқоли шифоҳӣ барои наслҳои баъдӣ мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овард.
Ин мушкилоти асосии зардуштия бо пайдоиши дини нав – дини Ислом дар Арабистон ва интиқоли он ба минтақаи мо бардошта шуд, ки он ба ҳама «халқҳои китоб»-и ҷаҳон, аз ҷумла ба гузаштагони халқи тоҷик (дорандаи «Авесто»-и муқаддас) рабт дорад ва паҳншавии он дар тамоми Хуросон ва Варорӯд, намуди маънавии онҳоро ба куллӣ тағйир дод.
Гузаштагони халқи тоҷик ва қабилаҳои гуногуни туркӣ, ки бо онҳо ҳамзистӣ доштанд, қабл аз Ислом динҳо ва ақидаҳои гуногунро, ки дар Турон ва Хуросон пайдо ё дар масири Шоҳроҳи Абрешим паҳн шуда буд, аз худ карданд. Онҳо дар ҳар ду ҳолат бо дину оинҳои нав бо шавқ шинос мешуданд ё онҳоро ҳамаҷониба меомӯхтанд. Дар ин ҷо, дар муқоиса бо Эрони сосонӣ, ки ба зардуштия мақоми дини давлатӣ дода буд, гуногуншаклии (плюрализми) динӣ ҳукмфармо буд.
Гузаштагони тоҷикон, ба монанди дигар халқҳои Осиёи Марказӣ, барои ҷаҳоне, ки онҳоро иҳота мекард, боз буданд ва ҳама

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё