Ҷаҳони Тоҷикон

«Достони ҷуғрофӣ»-и Авасто бори аввал дар ҷаҳони қадим тасвири ташаккулёбии «минтақабандии воҳагӣ» на танҳо халқҳои Осиёи Марказӣ, балки минтақаҳои ҳамсояи Авруосиёро низ тасвир намудааст, ки бо баъзе тағйиру дигаргуниҳо то замони мо расидааст.
Ҳамосаи «Шоҳнома» бошад, на танҳо муқовимати афсонавии Эрону Турон (Осиёи Марказии қадим), балки ташаккули давлатҳои пешрафтаи минтақаро, тарз ва соҳаҳои зиндагии хонаводаҳои ҳам бодиянишин ва ҳам бумиро хуб тасвир менамояд.
Геродот дар «Таърих»-и худ аз тамоми дунёи қадим на танҳо дар бораи Эрон, ки ба самти баҳри Миёназамин ҳаракати пурқудрати худро оғоз карда буд, хабар медиҳад, инчунин доир ба минтақаҳои шарқии он (Суғд, Бохтар, Хоразм ва дигарон), ки он замон бо Ҳиндустону Чин робитаҳои бисёрҷониба доштанд, иттилоъ медиҳад.
Юришҳои шарқии Искандари Мақдунӣ ва оғози фаъолияти Шоҳроҳи Абрешим (охири асри II пеш аз милод) ниҳоят Турон- Варорӯд (Байннаҳрайни Осиёи Марказӣ)-ро аз «соя»-и таърихи ҷаҳонӣ берун овард.
Ба андешаи мо, яке аз омилҳои асосии дар кунҷи таърихи ҷаҳонӣ мондани Варорӯд (арабӣ «Мовароуннаҳр»- «он сӯйи дарё») на мавқеи ҷуғрофии он (Осиёи Марказӣ–“Хартланди” Авруосиё), балки анъанаи зардуштӣ дар бораи «моҳияти аҳриманӣ (бад)»-и хат ва интиқоли шифоҳии иттилоот мебошад.
Маълум аст, ки таърихи хат (навиштаҷот) бо таърихи халқҳо ва тамаддунҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз дараҷаи рушди хат муайян карда метавонад, ки кадоме аз халқҳо ба тамаддунҳои қадимӣ мубаддал гаштанд ва кадомашон ба фаромӯшӣ рафта, дар уқёнуси таърихи ҷаҳонӣ ғарқ шуданд, чунки натавонистанд генофонди фарҳангии худро ҳифз намоянд ва маъбади маънавию тамаддуни худро ба наслҳои оянда интиқол диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё