Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

чизи навро бидуни ҳарос истиқбол мегирифтанд, зеро тиҷорати байналмилалӣ ва гуногуншаклии динӣ онҳоро ҷонибдори озодиву мубодилаи ошкорои ғояҳо ва арзишҳои нав гардонида буд. Онҳо зирак буданд ва ҳама гуна тағйиротро як чизи муқаррарӣ меҳисобиданд ва интихоби эътиқоди муносиб дошта, ҷабҳаҳои ҷолиби динҳои гуногунро ба синкретизми ғайричашмдошт ва аслӣ омезиш медоданд.
Бо мақсади мутобиқ сохтани динҳои гуногун ё ғояҳои нав, ки ба соҳаи дидгоҳи онҳо дохил мешаванд, гузаштагони халқи тоҷик устодони рамзгузорӣ, таҳлил, таҳрир ва шарҳи китобҳои муқаддаси ҳар як дини наве шуданд, ки дар Варорӯд, Хуросон ё дар хатсайрҳои Шоҳроҳи Абрешим (зардуштия, буддоӣ, масеҳӣ, мония, яҳудия, тенгриёнӣ ва ғ.) паҳн шуда буд.
Зардуштия дар муҳити худи ниёгони мо ба вуҷуд омадааст, ки нуктаҳои асосии онро худи зиёиён, ки аз байни ин халқ баромадаанд, таҳия намудаанд. Онҳо, инчунин, бо матнҳо ва дастхатҳои юнонӣ дар бораи дин, фалсафа пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ дар давраи ба истилоҳ эллинистӣ сару кор гирифта, хатти бохтарӣ-юнониро эҷод карданд. Дар мавриди дини буддоӣ тоҷирони буддоии суғдӣ, интиқолдиҳандагони асосии матнҳои муқаддаси онҳо аз Ҳиндустон ба Чин буданд ва ҳамзамон асарҳои асосии онҳоро таҳрир ва тарҷума мекарданд.
Ҳамин тариқ, ҳаёти мазҳабӣ ва фалсафии ниёгони халқи тоҷик ба дараҷае пур ва дар пояи баланде буд, ки онҳо дар раванди ҷорӣ ва паҳн кардани дини нав – ислом на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳони исломӣ (аз ҷумла Шарқи Наздик) бе ягон мушкилӣ ва фаъолона шомил шуданд. Худи раванди ҷамъоварии гуфтаҳо ва аъмол (ҳадисҳо)-и Паёмбари аъзами Ислом аз ҷониби фарзандони беҳтарини халқи тоҷик аз анъанаҳои ғании ин мардум дар рамзгузорӣ ва ба низом даровардани ақидаҳои динию фалсафӣ ва ба ҳаёти воқеӣ мутобиқ шудани онҳо шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ,

пешина
аз 335
навбатӣ