Ҷаҳони Тоҷикон

Дастовардҳои илми муосир имкон медиҳад, ки ба баъзе аз лаҳзаҳои таърихи асрҳои миёна, ба вижа вазъи илм дар даврони Чингизхон ва ворисони ӯ бо назари тоза бингарем. Қаблан, муҳаққиқон ба хароб кардани Бағдод, пас аз қатли ваҳшиёнаи халифаи охирин (барои гирифтани маълумот дар бораи хазинаи афсонавии ӯ) ва муҳосира ва хароб кардани қалъаи «ғасбнашавандаи» исмоилиҳои Аламут диққати махсус доданд.
Дар айни замон, пас аз истилои харобиовари муғулҳо аз Шарқи Дур то Шарқи Наздик, таҳқиқот оид ба масъалаҳои рушди шаҳр ва муносибат ба илмҳои гуногун аз тарафи онҳо пайдо шуданд.
Ҳоло мо метавонем фаъолияти ду хонро аз хонаводаи Чингизасосгузори давлати Илҳонҳо Ҳулагу (дар Эрон) ва императори муғулу чинӣ Хубилай (дар Чин) ҳамчун ҳомии ду донишманди барҷастаи тоҷик – хуросонӣ Насириддини Тусӣ ва бухороӣ Ҷамолиддини Бухорӣ баррасӣ кунем.
Донишманди барҷастаи тоҷик Насириддини Тусӣ (с. 1201- 1274), ба монанди бисёр шоирон, олимон ва арбоби давлатии барҷаста (Фирдавсӣ, Низомулмулк ва бисёри дигарон) аз деҳаи машҳури Тус буд. Ӯ дар оилаи исмоилиҳо ба воя расида, ҳанӯз пеш аз забти Варорӯд ва Хуросон аз ҷониби муғулҳо, аллакай бисёр илмҳоро (химия, биология, математика ва мантиқ) аз худ кардааст. Ҳангоме ки муғулҳо ба Нишопур наздик шуданд, ӯ ба яке аз қалъаҳои исмоилия дар қисмати кӯҳии (назди баҳри Каспий) Эрон кӯчид, ки аз замони мухолифат бо қудрати расмӣ бунёд карда шуда, фаъолият мекард. Дар солҳои охир ӯ дар қалъаи мағлубнашавандаи Аламут бо китобхонаи бузург ва расадхонаи ӯ ба илм машғул буд. Дар ин ҷо, пас аз муҳосираи қалъа аз ҷониби сарбозони муғул бо роҳбарии Ҳулагухон, вай ба асорат афтид. Ин хон, ки ба монанди Арӯзи Самарқандӣ, ки ситорашиносиро яке аз рукнҳои муҳими ҳукумат медонист, ин нуҷумшиноси маъруфро аз асорат раҳо кард. Хон, инчунин, ба ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор