Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

вазири бузург Низомулмулк дар назди султони машҳури Салҷукӣ Маликшоҳ ин эътиборро дошт. Намояндаи дигари барҷастаи бюрократияи мулкии тоҷик, Саид Шамсиддин Умар, аз ашрофони Бухоро буд, ки ба Чингизхон таслим шуда, баъдтар мансабҳои калонро ишғол намуда, дар музофоти ҷанубии Чин- Юнънан ба мақоми волӣ таъин шуд. Ӯ ба ин вилояти канораи Чин дар иҳотаи руҳониёни сершумори ҳамроҳони тоҷик, ки ба хизмати давлатӣ ворид шуда буданд, омад. Бояд қайд намуд, ки ин гуруҳи амалдорони баландрутбаи тоҷик нуфузи худро дар ин музофот чунон боло бурданд, ки мақоми худро баъди пошхӯрии ҳукумати муғулон низ ҳифз намуданд. Аз байни онҳо, баъди сад сол, адмирали машҳури чину-тоҷик Чжен Хэ ба майдон омад. Ин адмирали сулолаи Мин, хеле пеш аз баҳрнавардони аврупоӣ, аз Чини дур ба Африқои ҷанубӣ расида буд.
Дар ҳамин ҳол, ба саҳнаи сиёсии Варорӯд, дар шахси шоҳзода Хайду, набераи Ӯқтой, довталаби нав ба тахти Улуси Чағатой баромад. Бо дастгирии низомии улуси Ҷӯчӣ, ӯ ба Боракхон фишор овард ва дар ниҳоят, аз ҷониби ӯ ба гузашт ноил гардид. Дар қурултои с. 1269 водии Талас, ки дар он Хайду роҳбарӣ мекард, улуси Чағатой (Варорӯд) ду тақсим карда шуд, ки аз се ду ҳиссаи он ба Боракхон, боқимондаш Хайду ва хони бузурги хонаводаи улуси Ҷӯчӣ (Менгу-Темур) расид. Мисли гузашта, шоҳзодаҳо ваъда додаанд, ки дар кӯҳу дашт зиндагӣ мекунанд, ба шаҳрҳо ва боғҳо наздик намешаванд ва идоракунии аҳолии муқимиро, маъмулан, ба зиммаи вазир Масъудбек вогузор мекарданд. Ин қурултой (анҷумани муғулон) бидуни иштироки хони бузург нишон дод, ки акнун Варорӯд бо минтақаҳои ҳамсоя (ҳавзаи Тарим, як қисми Хуросон ва ғ.) ҳаёти мустақили сиёсӣ

пешина
аз 335
навбатӣ