Ҷаҳони Тоҷикон

шатранҷбозӣ мекарданд. Ҳамин тариқ, олимон ҳатто дар меҳмонхонаҳо барои худ ғизои маънавӣ пайдо карданд».
Чунин таҷҳизоти «ақлонӣ»-и меҳмонхонаҳо, натанҳо дар асрҳои миёна, балки дар ҷаҳони муосир низ аҳамияти худро гум накардааст. Аз тарафи дигар, он ҳамчун далели хуб оид ба сатҳи баланди ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишварҳо ва халқҳои Варорӯд ва Хуросон дар давраи пеш аз муғулҳо хизмат мекунад.
Ниг. Бартольд В.В. Туркестан в эпоху монгольского нашествия, с.496.
3.5. Салтанати Бангола ва Қуния ҳамчун ду қутби ҳавзаи паҳншавии «Ҷаҳони Тоҷикон»
Тавре ки дар боби қаблӣ (3.4. Ғӯриён) қайд карда шуд, забти Ҳиндустон ва ҷорӣ намудани ҳукмронии Ғӯриён ибтидои паҳншавии пайдарпаи стратегияи Сомониён дар ин нимҷазираи сераҳолӣ гардид.
Султон Муиззидин (Муҳаммад) Ғӯрӣ ва ғулом-сарлашкари ӯ Қутбиддин Айбак, пас аз чанд юриши низомӣ, дар соли 1193 Деҳлиро забт карданд. Ин шаҳр баъдтар аз маркази вилоятии давлати Ғӯриён ба пойтахти нахустин салтанати исломии Деҳлӣ табдил ёфт. Султони Ғӯриён, ки диққати худро ба Хуросон ва Варорӯд равона кард, ба зиммаи ғуломи боэътимоди худ, сарлашкари ботаҷриба Айбак муттаҳидсозии Ҳиндустони шимолӣ зери итоати Деҳлӣ гузошт.
Тактикаи султон дар бораи васеъ сафарбар намудани ғуломони ҷангӣ (мамлюкҳо), асосан, аз туркҳо барои ҷавонони зирак ва шуҳратпараст муфид буд, ки аз мақоми нороҳати худ бархоста, ба мартабаи баланди ҳарбӣ мерасиданд. Айбакро, ки эҳтимолан, дар минтақаи ҳамном (Айбак-маркази вилояти Самангон) дар оилаи яке аз қабилаи туркманхалаҷ таваллуд шудааст, ки дар кӯдакӣ асир афтода ва ба ғуломӣ фурӯхта шуда буд, як қозии Нишопур харидааст. Қозӣ ба ӯ маълумоти олӣ дода, ба вай, инчунин, асосҳои идоракунӣ, камонварӣ ва муҳорибаи аспсавориро омӯхтааст. Пас аз вафоти қозӣ, писарони ӯ боз Айбакро фурӯхтанд, ки онро султони ояндаи Ғӯриён Муиззидин харидааст. Миннатдорӣ аз султони Ғӯриён ва садоқат нисбат ба ӯ барои ин сарлашкари муваффақ ва наздиктарин шарикони ӯ, ки худро «муиззӣ» - «фарзандони султон Муиззидин» (Босворт) меномиданд, беҳамто буд. Аз ин рӯ, ин султон Айбакро дар Лоҳур муовини худ дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор