Ҷаҳони Тоҷикон

канори Хуросони дурахшон баромада низ, сарпарастони саховатманди суннатҳои адабии форсии Хуросон ва Варорӯд шуданд.
Ғӯриёни тоҷиктабор ҳамчун интиқолкунандагони мероси Сомониён ба заминҳои тозабунёди шимоли Ҳиндустон нақши муҳим бозиданд ва ба таҳаввулоти тоҷикофония (ҳавзаи истофодаи забони тоҷикӣ) асос гузоштанд, ки он то нимаи асри XIX дар Ҳиндустон боқӣ мондааст.
Ғайр аз ин, воқеияти таърихист, ки гунаҳкори оташи бузург дар Ғазнӣ малик Алоуддин Ҳусайн Ҷаҳонсӯз низ шоири хуб буд; ашъори ӯ, ки аз он танҳо чанд сатр боқӣ мондааст, дар Афғонистон ва шимоли Ҳиндустон баҳои баланд гирифт.
Мутаассифона, дар тафовут аз даврони Ғазнавиён, ки аз он чанд девони назмии нисбатан пурраи шоирони барҷастаи онҳо боқӣ мондааст, дар давраи Ғӯриён асарҳои шеърӣ ва илмӣ хеле кам аст. Аз ин рӯ, омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти мутафаккири маъруфи ин давр Низомии Арузии Самарқандӣ шаҳодат медиҳад, ки майдони тоҷикофония то чӣ андоза васеъ шудааст, вақте ки намояндаи «аҳли қалам», ки дар як минтақа ба дунё омадааст, натанҳо оромона сафарҳои тӯлонӣ карда метавонанд ва дар дигар минтақаҳои ҷаҳони ислом таҳсилоти олӣ мегиранд, бахусус, барои машғулиятҳои эҷодӣ ҷойи аз хона дурро низ пайдо карда метавонанд.
Низоми Арӯзӣ, ки дар Самарқанд (дар яке аз марказҳои Варорӯд) таваллуд шудааст, дар Балх (дар маркази шарқии Хуросон) таҳсил карда, то охири умр дар дарбори сулолаи Ғӯриёни тоҷик дар Фирӯзкӯҳ, ки дар он ҷо дафн карда шудааст, хизмат кардааст. Вай дур аз ватани худ мероси бузурги

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор