Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

давлати Сомониён буд, ба хазинаи давлат даромадҳои ҳангуфт ворид мешуд.
Бешубҳа, манбаи асосии даромади Сомониён тиҷорати байналмилалии корвонгард бо Чин буд ва боқӣ монд. Дар даврони болоравии нуфузи давлати Сомониён империяи Тани Чин (с. 618- 907) дар қуллаи шуҳрати худ қарор дошта, дар пойтахти он (Чанъан) миллион нафар аҳолӣ истиқомат мекард. Коршиноси амрикоӣ Э.
Шеффер чунин маълумот додааст: «Бо қариб ду миллион аҳолии андозсупоранда, Чанъан аз Гуанчжоу, ки дар он канори ин шабакаи дарёҳо ва каналҳои хеле дароз ҷойгир аст, даҳ маротиба зиёдтар аҳолӣ дошт. Мувофиқи ин, шумораи хориҷиёне, ки дар пойтахт зиндагӣ мекунанд, низ бештар буданд. Аммо дар ин ҷо қабати байналмилалӣ дар таркиби худ назар ба бандари ҷанубӣ ба куллӣ фарқ мекард. Дар пойтахт, асосан, муҳоҷирон аз шимол ва ғарб - туркҳо, уйғурҳо, тахористониҳо, суғдиҳо зиндагӣ мекарданд, дар ҳоле, ки Гуанчжоу аз сокинони Тям (минтақаи Ветнами муосир - М.А.), кхмериҳо (камбоҷагиҳо - М.А.), яваниҳо (аз ҷазираи Яваи Индонезияи муосир -М.А.) ва сингалиҳо (яке аз халқиятҳои Шри Ланки муосир-М.А.) пур буд. Аммо, дуруст аст, ки ҳам дар Гуанчжоу ва ҳам дар Чанъан арабҳо, форсҳо ва ҳиндуҳои зиёд зиндагӣ мекарданд. Умуман, аҳолии эронитабор фаровон буд.
Ҳукумати Тан ҳатто идораи сартавакҳо (ба маънои аслӣ «сорбонони корвон») ҷорӣ намуд, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекарданд».
Таъсис ва фаъолияти як идораи махсуси масъули давлатӣ, ки фаъолияти тиҷорати корвонро ба танзим дароварда, суғдиён дар он афзалият доштанд, на танҳо аз аҳамияти ин намуди тиҷорати байналмилалӣ барои империяи Тан, балки аз доираи васеи тиҷорати корвонгард дар солҳои болоравии давлати Сомониён ба ин империяи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад.

пешина
аз 335
навбатӣ