Зеҳн
Ҷаҳони Тоҷикон

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 335 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

(се) хатсайрҳо ва шохаҳои гуногуни Шоҳроҳи абрешим назорати қавии худро ҷорӣ карданд.
Ҳоло, дар шароити нав, давлати паҳновари Сомониён, ки шоҳигарии хурди Суғдиро иваз намуд, ки назоратро бар марказҳои калидии Шоҳроҳи Абрешим ба роҳ монда, дарвоқеъ, ҳамчун вориси қонунии рисолати таърихии ниёгони худ баромад карда, онро ба миқёси ҷаҳонӣ бароварданд.
Дарк кардани он боиси хушнудист, ки воситаи асосии пур кардани хазинаи давлати Сомониён дар тӯли зиёда аз сад соли ҳукмронии пуршарафи он на ҳуҷум ва ҳамлаҳои ваҳшиёнаи ғоратгарона бар зидди давлатҳои ҳамсоя ва ё зулми аз ҳад зиёди андоз ба аҳолии худ, балки таъсис ва нигоҳдории мунтазами назорат аз болои роҳҳои хушкигарди Шоҳроҳи абрешим дар ҳудуди Турон, Хуросон ва Бохтар (Тохаристон) бо ҳадди зиёд ҷамъоварии боҷи гумрукӣ буд. Аз рӯи маълумоти донишманди маъруфи эроншиноси амрикоӣ Ричард Фрай, яке аз сарчашмаҳои муҳими пур кардани хазинаи Сомониён ғуломфурӯшии асирони туркӣ буд, ки он замон дар Бағдод эътибори баланд доштанд. Ба ҳама маълум аст, ки халифа Муътасим (с. 833-842), бародари халифа Маъмун, ки аз канизаки туркии халифа Ҳорун ар-Рашид ба дунё омадааст, ба хотири муқовимат бо қудрати горди хуросонӣ горди шахсии худро аз ғуломони туркӣ (аз Турон) ҷалб кардан гирифт. Ин таҷрибаи ҷалби ғуломони туркӣ барои горди ҳокимон, баъдан, натанҳо дар пойтахти хилофат, балки дар атрофи он аз Сомониён дар шарқ то Фотимиён ва давлатҳои минбаъда дар ғарб низ васеъ истифода шуд.
Аз ин рӯ, талаботи зиёд ба ғуломҳои туркӣ бо сабаби тобоварии тавоноӣ ва сифатҳои ҳарбии онҳо, мутаносибан, тиҷорати ғуломонро ба миён оварда, ин бозорро гарм мекард ва азбаски манбаи асосии таъминоти ғуломон аз Дашти Бузург, ҳамсарҳади

пешина
аз 335
навбатӣ