Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Неруфизо воситаи афзояндаи неру (қувва)
Неруфизоӣ амали афзоиш додани неру (қувва)
Ниж/ниҷ бута
Нижвор/ниҷвор бутазор
Нимамоҳ моҳи нима (нопурра)
Нимарӯз ними рӯз, нисфи рӯз
Нимасол ними сол, нисфи сол
Нимашаб ними шаб, нисфи шаб
Нимгудохта ба таври комил гудохтанашуда
Нимрехта ба таври комил рехтанашуда
Нимсӯзиш каме сӯхтан (масалан, сим)
Нимсӯхта чӯб ё ангиште, ки пурра (комилан) насӯхтааст
Нимхоб хоби нотамом, пинак
Нифа он ҷойи шалвор, ки аз он банд гузаронанд, бандкаши шалвор
Ниҳолпирой ниҳолпарвар
Ниҳолпироӣ пироста (орою зебо) кардани ниҳоли дарахт
Ниҳондорӣ ниҳон (пинҳон) доштан
Нишастбонг бонг (сигнал)-и фурудоии ҳавопаймо
Нишастгоҳ ҷойи нишаст; майдончаи нишасти ҳавопаймо
Нишасткард нишаст кардани масалан ҳавопаймо
Нишастроҳ пайроҳаи нишасти ҳавопаймо
Нишастухест нишастану хестан (масалан, ҳавопаймо)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё