Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нахустгетӣ гетӣ (олам, ҷаҳон)-и нахустин
Нахустгом гоми нахустин, масалан, нахустгоми кӯдак
Нахусткишт кишти нахустини замин
Нахустозмоиш озмоиши аввалия
Нахустпадида падидаи нахустин
Нахустпайкор ташаббускори аввалин
Нахустсанҷиш санҷиши нахустин
Нахусттаркиш таркиши нахустини Коинот
Нахустшумора шумораи нахустин; воҳид
Наҳоргаҳ вақти наҳор (субҳи барвақт); вақти наҳорӣ (ғизохӯрӣ)
Некдуда некавлод
Некуманиш накукор, накукирдор
Неруандӯза(к) олати андӯхтани нерӯ (энергия)
Неруандӯзӣ андӯхтан (ғун) кардани неру (энергия), захира намудани нерӯ
Неругирӣ гирифтани неру (энергия) тавассути абзору таҷҳизоти таъмини энергия (масалан, шабака, аккумулатор, батарея)
Неругоҳ таҷҳизот барои истеҳсоли ягон навъи неру (энергия)
Нерудеҳ(ак) олати нерудиҳанда (энергиядиҳанда)
Нерудиҳӣ неру (энергия) додан
Нерузудо олати нерузудоянда, олати бенеру (беэнергия) гардонанда
Нерумоя манбаъ ё захираи неру (энергия), масалан, об, бод, ангишт, нафт ва ғайра (дар шакли ҷамъ – нерумояҳо)

пешина
аз 155
навбатӣ