Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мосиш аз ҳолати моеъ ба ҳолати нимамоеъ ё хамир овардан
Москард мос кардан, яксон кардан, мувофиқ кардан, мутобиқат додан
Мосомад мос (мувофиқ, мутобиқ) омадан
Моссозӣ мос сохтан, мувофиқа намудан
Моҳтобгирӣ ниг.: моҳтобсӯзӣ
Моҳтобсӯзӣ сӯхтан (гирифтан)-и Моҳ; хусуф
Моҳтобсӯхт ниг. моҳтобсӯзӣ
Муждавар муждарасон, навидрасон
Мурдаоҳак оҳаки мурда (ношукуфта)
Мурдахок хоки мурда (беҳосил)
Муст нотавон, уфтода
Мушкбод боди бӯйи мушковаранда
Мушткӯб бо мушт кӯбидашуда
Мушткӯфт бо мушт кӯфтан (задан)
Мӯйпирой мӯйчин, абзор барои буридану задани мӯйи сар
Мӯрӣ ҷойи баромади дуд аз оташдони хона ба берун
Мӯруддона/мӯрддона донаи дарахти мӯруд
Мӯртколо колои мӯрт (чарс, зудшикан)
Н
Навандасп аспи наванда (тездав)
Навардчӯб чӯбе, ки ки дар дастгоҳи бофандагӣ матои бофташуда ба он мепечад
Навафзор афзори нави истеҳсолшуда ё сохташуда

пешина
аз 155
навбатӣ