Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Милтсӯз милт-милт сӯзанда
Милтсӯзиш милт-милт сӯхтани чароғ
Минокашӣ кашидани мино (моддаи шишагин) ба рӯйи зарфҳо; сирдавонӣ
Мискӯза кӯзаи мисин
Мистос тос (лаганд)-и мисин
Моку абзор барои дӯхтани мӯза, чоруқ ва ғайра
Молазамин замини ҳамвор ва мулоимкардашуда
Молакард мола (ҳамвор) кардан (масалан, замин)
Молачӯб чӯби ҳамвор (тахта) барои мола кардани замин
Молина воситаи молидан; воситаи молиш додан
Молишхӯрӣ ба ҳам молиш хӯрдан
Монанда(к) монанд ба чизи дигар
Монандагӣ шабеҳият, шабеҳ доштан ба чизе, монанд будан ба чизе
Монандвожагон вожаҳои аз нигоҳи наишт бо ҳам монанд, вале дорои маъниҳои дигар, синонимҳо
Мониш амали монидан, яъне, ба ҷо гузоштан, боқӣ гузоштан
Моно монанд ба чизе
Моновожагон ниг. ба монандвожагон
Морпеч(ак) чизи монанд ба мори печхӯрда
Мос мувофиқ, муносиб
Мосандоза андозаи мос (мувофиқ)
Мосгардонӣ мос (мувофиқ, мутобиқ) гардонидан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё