Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Кундовоз овози кунд (нофаҳмо) доштагӣ
Куноӣ қуввати таъсиркунанда
Куҳангетӣ гетӣ (ҷаҳони куҳан (қадим)
Куҳандиж диж (қалъа)-и куҳан (қадима)
Куҳанкайон кайон (замон)-и куҳан (қадим)
Куҳанойин ойини куҳан (қадима)
Куҳаншаҳр шаҳри куҳан (қадима)
Кушоафзор афзори кушодан
Кушодабахт касе, ки бахташ кушода аст, каси хушбахт
Кушодакон коне, ки дар сатҳи болоии замин ҷойгир аст (дар геология)
Кушозабон ниг.: кушогӯй
Кушодрӯда рӯдаи кушод (дар бадани инсон)
Куштаоҳак оҳаки мурда (обрасида)
Кӯба воситаи кӯбидан (масалан, гандумро)
Кӯбак ҷузъи кӯбандаи асбоб
Кӯбаабзор абзори кӯбанда
Кӯбасанг санги кӯбиш (паҳнсанге, ки дар болои он гандумро мекӯбанд), санги ос
Кӯбафзор афзор кӯбиш
Кӯбина воситаи кӯфтаву хурд кардани чизе
Кӯбишбоб боб (қобили) кӯбиш
Кӯбишнопазир ба кӯфтан тобовар набудан
Кӯбишпазир ба кӯфтан тобовар будан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё