Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Коро бакороянда; таъсирбахш
Короабзор абзори коро(ӣ), абзори зарурӣ
Коровар(ак) чизеро ба кор оварданда (дароранда)
Короварӣ чизеро ба кор овардан
Короё бакороянда, коршоям; таъсирбахшанда; зарур
Короӣ ниг.: короё
Коромад барои кор истифода шудан
Косакон кони кушода (кушодакон)-е, ки зоҳиран шакли коса дорад (дар геология)
Косакӯҳ кӯҳи косашакл
Косамоно монанд ба коса
Косапоя поя (таҳкурсӣ, бунёд)-и косашакли бино, ки пеш аз сохтани биноҳои бисёрошёна омода мекунанд; катлован
Кофт кофтан
Кофта кофташуда
Кофтабаровард кофта баровардан
Кофтагӣ ҷойи кофташуда
Кофтагирифт кофта гирифтан
Кофтаёфт кофта ёфтан
Кофтафзор афзори кофтуков
Кочор асбобу анҷоми хона; коло
Кулчанон нони кулча (кулича)
Кундарра арраи кунд (нотез, фарсудашуда)
Кунддам дам (теғ)-и кунд (нобурро); афзори бурандае, ки дамаш (теғаш, лабааш) кунд аст
Кундлаба лаба (теғ)-и кунд
Кунишвожагон вожагоне, ки амалу ҳаракатро ифода мекунанд, феълҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё