Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Дамдиҳак афзори дамдиҳӣ; афзоре дар оҳангархонаҳои пешин, ки барои додани ҳаво ба аловхона хизмат мекард
Дамдиҳӣ дам додан, нафас додан; буғдиҳӣ
Дамдод бо дам пур кардани даруни чизе
Дамидаоб оби дамида (баландшуда)
Дамидарехт дамида рехтан (масалан, шир)
Дамишдорӣ хусусияти дамидан доштан
Дамкард ниг.: дамдод
Дамонбод боди дамон (туғёнкунанда)
Дампухт дам (буғ) дода пухтан
Дамҳаво ҳавои дам (гарму бешамол)
Дандмаза дорои мазаи данд (турш)
Дандмева меваи данд (турш)
Дандонапайваст дандона ба дандона пайваст кардан (дар асбобҳои техникӣ)
Дандоначарх чархи дандонадор дар асбобҳои техникӣ)
Дандонгазид бо дандон газидани чизе
Дандонканд бо дандон кандани чизе
Данидан хиромида роҳ рафтан
Даниш данидан, хиромида роҳ рафтан
Данрафт хиромида-хиромида рафтан
Даравафзор афзори даравкунӣ
Даравгаҳ вақт (мавсим)-и даравкунӣ
Даракдошт дарак доштан
Даракдорӣ ниг.: даракдошт
Даракёбӣ дарак (хабар) ёфтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё