Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Давоворӣ воситаҳои давобахшӣ (табобатӣ)
Давомад давида (тохта) омадан
Давогиёҳ гиёҳи давоӣ (шифобахш)
Давогил ниг.: даволой
Даводору доруи давоӣ
Даволой лойи давобахш (табобатӣ)
Давокор табиб, пизишк
Давониш давондан, ба дав овардан
Давооб оби давоӣ (табобатӣ)
Давочашма чашмаи давобахш (шифобахш)
Давпар давида паридан
Давпариш давида ба парвоз омадан
Даврафт давида (тохта) рафтан
Давҷаст давида ҷастан
Дағзамин замини нокорам (корамнашуда)
Дажгуфтор одами бадгуфтор
Дажоб оби дажғолдор (чиркин)
Дажрафтор одаме, ки рафтори даж (бад) дорад
Дайдубод боди дайду (ба ҳар ҷо паҳншаванда)
Дак монеа
Дакдиҳӣ монеъ шудан, халал расонидан
Дакхӯрд дакка хӯрдан, такон дидан
Дамабод боди сарди бо шаст вазанда
Дамазад хунук задан
Дамакард дама кардан
Дамаомад сардӣ омадан
Дамгирӣ нафас гирифтан; истироҳат кардан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё