Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Сӯдод ба сӯйе (тарафе) додани (равона кардани) чизе
Сӯзандагӣ хусусияти сӯхтан доштан
Сӯздиҳӣ ба сӯзиш овардан; оташ гирондан
Сӯзониш сӯзонидан, ба ҳоли сӯзиш овардан
Сӯкашӣ аз сӯйе ба сӯйе кашидан
Сӯнамо воситаи нишон додани сӯй (самт)
Сӯомад ба сӯйе (тарафе) омадан
Сӯрафт ба сӯйе (самте) рафтан
Сӯпартофт ин сӯ он сӯ партофтан; аз як сӯ ба сӯйи дигар партофтан; ба сӯйи ҳамдигар партофтан
Сӯрасп аспи сӯр (чӯр, ромнашуда)
Сӯрохбарор(ак) воситаи сӯрох кардан, кома кардан (асбоби техникӣ)
Сӯхтанбоб қобили сӯхтан будан
Сӯхтабӯй бӯе, ки аз чизи сӯхтаистода ба димоғ мерасад
Сӯҷунбиш ин сӯ он сӯ ҷунбидан
Сӯҷунбонӣ ин сӯ он сӯ ҷунбонидан
Т
Табарбур ба воситаи табар буридашуда
Табардаста дастаи табар
Табаркафон ба воситаи табар кафонидашуда
Табаркафониш ба воситаи табар кафонидан
Табарсоз устое, ки табар месозад
Табартеша тешаи нӯгпаҳн (монанд ба табар)
Табафзо афзункунанда (баландкунанда)-и таб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё