Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Сустгард чизе, суст меравад (ҳаракат мекунад)
Сустдав дави суст; сустдаванда
Сустдавиш давиши суст
Сусткард суст кардан, суст гардонидан
Сустомад суст омадан, муқобилат накардан, шиддат ва қатъият нишон надодан
Сустрафт суст рафтан, суст ҳаракат кардан
Сустшориш шоридани суст
Сустшоро хусусияти шориши суст доштан
Сут ҳиштак
Суткашӣ сут (ҳиштак) кашидан
Сутург бузург; калон
Сутургмард марди сутург (бузург, шинохта)
Сутургсанг санги сутург (бузург, калон)
Сутургчиз чизи сутург (бузург, калон)
Суфагоҳ нишастгоҳи баланд
Суфазамин замини суфа (тахт)
Суфасанг санги суфа (тахт)
Суфтакард суфта (ҳамвор) кардан (масалан, коғаз, матоъ ва ғайра)
Суфтасанг санги суфта
Сӯандохт аз як сӯ ба сӯйи дигар андохтан; ба сӯйи ҳамдигар андохтан
Сӯгард ин сӯ он сӯ гарданда
Сӯгардонӣ(ш) ин сӯ он сӯ гардонидан
Сӯгашт ба ягон сӯ гаштан (тоб хӯрдан)

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё