Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Расошуд пурра шудан
Растабозор бозори растадор
Рахкашӣ рах (хат) кашидан
Рахнабанд воситаи бастан (муҳкам кардан)-и рахна (тарқиш) (дар асбобҳои техникӣ)
Рахнабандӣ бастан (муҳкам кардан)-и рахна (тарқиш)
Рахнабаст ниг.: рахнабандӣ
Рахнадевор девори рахнадор
Рахнадорӣ хусусияти рахна пайдо кардан доштан
Рахназад рахна задан (масалан, ҷабҳаи ҷангиро)
Рахнакард рахна кардан
Рахнанопазирӣ ба рахна шудан устувор будан
Рахтбандӣ бастани рахти сафар, равона шудан, сафар кардан, ба сафар омодагӣ дидан
Рахтворӣ васоили даркорӣ барои хоб (кӯрпа, болишт, кампал ва ғ.); асбобу анҷом барои рахтбандӣ ( сафар)
Рахтзанӣ болои ҳам чидани чизҳо, масалан, китобҳо, кӯрпаву болиштҳо ва монанди ин
Рахтрав касе, ки ба сафар равона мешавад, сафаракӣ
Рахшонсанг санги дурахшон (тобишдор, ҷилодор) Рахтарошак асбоби тарошида баровардани рах Рахтарошӣ тарошида баровардани рах дар рӯйи чизе Рахтафзор афзори рахт (хобравӣ) Рахшонситора ситораи дурахшон Раҳодиҳӣ раҳоӣ додан, сар додан, халосӣ додан Раҳоёфт раҳоӣ ёфтан, халос шудан, озод шудан Раҳокард ниг.: раҳониш Раҳониш аз чизе раҳо кардани чизи дигар Раҳоя раҳонанда; воситаи раҳонанда Раҷа абзор барои рост кардани девор, ража, шоқул; чентаноб Раҷагирӣ ба воситаи раҷа рост кардани девор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё