Зеҳн
Вожагони Нави Тоҷикибунёд

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 155 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Равғанрӯда рӯда (шланг)-и равғанрасонӣ (дар автомобил)
Раводошт лоиқ ва ҷоиз донистан, роҳ додан, розӣ шудан ба вуқӯи коре
Равониш равондан, нест (нобуд) кардан; дур кардан
Равонкард равона кардан; ирсол намудан
Радагузошт рада-рада гузоштан
Раданиҳод рада-рада ниҳодан
Рамдиҳӣ рам додан, тарсонидан
Рамо раманда
Рамониш рам онидан, тарсонидан, герезонидан
Рамхӯрӣ рам хӯрдан, гурехтан, ҳаросида гурехтан (аз чизе), хӯсидан
Рангахӯла хӯлаи ранга
Рангашиша шишаи ранга
Ранггардонӣ гардонидан (дигар кардан)-и ранги чизе
Рангзудо воситаи зудудани ранг
Рангзудоӣ амали зудудани ранг
Рангоба оби рангин
Рандатарош ба воситаи ранда тарошидани чӯб
Рандидан ранда кардан
Рандиш амали ранда кардан
Ранҷониш ранҷ додан, озурдан, хафа кардан
Расишгоҳ ҷойи ба ҳам расиш кардан
Расогардонӣ такмил додан; пурра кардан
Расониш касеро ба ҷое ё назди касе бурдан, чизеро то ҷое овардан; чизеро ба чизе пайвастан, чизеро ба чизе наздик кардан, тамос додан

пешина
аз 155
навбатӣ