Дасти эшонро фишурда гуфтам, ки Мазорӣ нестам.
-Акаҷон шӯхиро як сӯ гузоред, наход маро нашинохта бошед? Банда писари Муборакқадами дӯстатон аз Дарвоз.
-Чӣ ҷойи шӯхи? - гӯён ман баҳри тасдиқи фикри хеш шаҳодатномаи хизматиамро бароварда, ба пеши чашми мусоҳибам бурдам.
-Капитани милиса Сорбони Ҳомид?
-Бале.
-Бовар намекунам.
-Зиндагӣ дар даҳр бозӣ нест, Дарвозӣ ба маънои даҳанвозӣ нест.
-Таҳқир накунед, ако!
-Чӣ хел таҳқир?
-Охир шумо мардуми як минтақаро...
-Ман худ зодаи ҳамон минтақаам, пас чӣ тавр метавонам мардумашро таҳқир созам. Ин соядастро устод Бозор Собир дар китоби ба рӯзноманигор Ҳокими Азиз туҳфа намудааш навиштааст, агар даъвое дошта бошед, метавонед ба муаллифи ин суханҳо муроҷиат намоед.
-Эй ако, Бозор Собир ифтихори миллат аст ва ҳиҷои гуфтаи эшон то қиёмат ба ҷо хоҳад монд. Пас чӣ тавр метавон аз болои чунин шахсият ба ҷое шикоят бурд?
-Ихтиёр шуморост,- гуфта ман бо мусоҳиби сарироҳиам худоҳофизӣ намуда, хостам гузаргоҳро убур намоям, вале боз чароғаки сурх дар самти муқобил фурӯзон гашт...
Нафаре ки бо сад умед барои дидани дӯсти падараш шитофта буд, ба қафо, ба ҳамон самти омадааш рафт ва банда дубора мунтазири фурӯзоншавии чароғаки сабз шудам.
Дар чорроҳа ҳам бошад, суханони бачаи Муборакқадами Дарвозӣ мавҷи андешаҳоямро боз ба ҳамон қабристони шаҳрӣ ба ҳамон ҷое, ки қотил қасди ҷони Шаҳнози Зокир намуд интиқол дод...Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, ки чӣ тавр қотил дар чунин масофаи кӯтоҳ тирро ба ҳадаф расонида натавонистааст.





