Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 96 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 96 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳар он чӣ ки муфаттиш гуфт, дар асоси қонун гуфт ва қонунро ба тасдиқ ё инкор ниёзе нест. Муҳити дафтари кори сарвари гурӯҳи тафтишотиро хомӯшӣ фаро гирифт. Ман намедонам муфаттишро чӣ андешаҳое бар сар буд, вале ман боз Шаҳнози Зокирро пеши назар овардам. Боз мавҷи хаёлотам аз дунболи вай то ба пеши қабристони шаҳрӣ парвоз кард. Боз садои имдодталабонаи духтаре, ки ба зиёрати манзили қиблагоҳаш бо гулдаста омада буд, бо садои гӯшхароши тири аз тапонча бурун омада омехта шуд...
-Рафиқ капитан.
-Лаббай, - аз байни андешаҳои нобаҳангом берун шуда гулӯ рушан намудам ман.
-Соате пас аз натиҷаи қарор ба шумо хабар медиҳам.
-Бошад, гуфта ман аз ҷой бархестам.
Дар сари чорроҳа чароғаки сурх дар муқобилам равшан шуд. Чун ба ҷуз тағофул чорае надоштам, мисли ҳама мардуми дар сари чорроҳа гирдомада мунтазири сабз шудани чароғаки роҳнамо гаштам... Дар ҳамин асно то замоне, ки чашм аз чароғаки дар самти муқобили роҳ насбшуда наканда будам, садои нафареро аз пушт, ки “Акои Мазорӣ! Акои Мазорӣ!” мегуфт шунидам, вале касе аз он нафароне, ки чун худи ман дар интизори гузаштани роҳ мунтазири фурӯзоншавии чароғаки сабз буданд, ба овози шунидаи хеш таваҷҷуҳ зоҳир накард.
-Хайрият аз дур ҳам бошад, шуморо дидам, акои Мазорӣ,

  • гуфт нафаре аз пушт даст ба китфам гузошт. Новобаста аз он ки чароғаки сабз дар муқобиламон чашмак зад, вале бандаро ба ҷуз таваққуф ва ба самти нафари даст ба китфам гузошта баргаштан чорае набуд.
    Ба хотири монеа эҷод нанамудан дар сари гузаргоҳ сараввал қадаме ба тарафи рост гузоштам ва бо ин амал дасти нафареро, ки ҳанӯз болои китфи чапам меистод, аз худ дур намуда, сипас ба самти қафо баргаштам.
    -Ҳа, акои Мазорӣ, аз дидоратон беҳад шодам! Аз дур ҳам бошад, шуморо шинохтам, - гӯён нафари дар рӯ ба рӯям қарор дошта, ки аз худам даҳ –понздаҳ сол хурдтар буд, дасташро барои салом дароз намуд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан