Чароғаки сабз дигарбора фурӯзон шуд ва ман низ ҳамроҳи ҳамаи онҳое, ки нияти аз роҳ гузаштан доштанд, ба пеш ҳаракат намудам.
Ҳодисаи ба сари Шаҳнози Зокир омада моро ҳам чун номи Мазорӣ дар атрофи қабристон гирдгардон намуда буд...
Он қадар гирдгардон, ки Аловудди20 ба шиноси деринааш Мазорӣ, ки номашро аз ёд бароварда буд, аввал акои Лаҳадбек, сипас Қабриддин ва дар охир Тобуталӣ гуфта муроҷиат намуда...
-“Ҳодиса не, як чархофалак шуд” - роҳравон зери лаб гуфтам ман ва мавҷи хаёлотам ба дуриҳои дур парвоз кард...
Дар айёми донишҷӯӣ ман ҳамроҳи чанд нафар аз ҳамсабақон ба тамошои филми бадеи “Қатора” – истеҳсоли Фаронса ба кинотеатри калонтарини вақт “Ҷомӣ” рафтем ва тайи беш аз ду соат филми мазкуро тамошо кардем. Мазмуни филм он буд, ки армияи немисҳо баъди забти шаҳри Пориж тамоми санъати тасвириро аз осорхонаҳои минтақаҳои Фаронса гирд оварда, дар қуттиҳои махсус ҷо ба ҷо намуда, тариқи қатора шабона ба Берлин интиқол доданд. Қатора тамоми шаб дар ҳаракат буд ва онҳое, ки қатораро посбонӣ мекарданд, номи шаҳрҳои хешро дар сари роҳашон дида, аз хурсандӣ майнӯшӣ мекарданд, бехабар аз он, ки қатора дар атрофи шаҳри Пориж давр зада истодааст ва ҳамаи ин хурсандии онҳоро фоҷиае дар пеш аст ва сари субҳ боз қатора ба ҷой аввалааш ба вокзали роҳи оҳани Пориж омад ва онҳое, ки чашм ба фарҳанги бузурги фаронсавиҳо дӯхта буданд, ҳадафи ҳуҷуми гурӯҳҳои озодихоҳи Фаронса гашта, ҷони хешро низ аз даст доданд...
Ин ҷо бошад...
Ду мақомоти тафтишотӣ дар ду ноҳияи як шаҳр сари як масала ба мувофиқа омада натавонистанд, чунки муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сино Амин Зариф кӯрпаро ба тарафи хеш мекашиду мо аз рӯйи ғурур аз рафтори эшон ранҷида, аз хунукӣ дарақ – дарақ меларзидем...
20 Манзур ҳунарманди театру кино Аловуддин Абдуллоев аст.





