Дар бораи сенсатсия гуфтед. Ин ҳама андешаҳои рӯзноманигоронанд, ки гоҳҳо аз паша фил месозанд.
- Шумо гуфтед, ки дар бораи Нодир Замон хабар надоред?
- Инкор намекунам.
- Пас чӣ тавр тавонистед, ки акси шамшерро дар коғазе кашида ба ИВС фиристед?
- Инро аввал исбот намудан лозим.
- Мо на танҳо ин, балки вохўриатонро бо Ҳақдоди Забир собит хоҳем кард.
... - Се шаб қабл аз боздошти шумо дар фурудгоҳ мо Шаҳлои Носирро бо шиносномаи қалбакӣ дастгир намудем ва дар гузаргоҳи сарҳадӣ бошад, шуморо айнан бо чунин шиноснома даст гирифтанд ва на танҳо шиноснома. Чун шумо то кунун шахси мансабдор ҳисоб мешудед, гумон мекунам дар ҳар ду ҳолат ҳам ин амалҳо бо амри шумо иҷро шудааст.
- Ман девона нестам, ки чунин амр диҳам. Чӣ, гумон доред, ки ба он понздаҳ нафар афғоне, ки дар қаламрави ҷумҳурии Қазоқистон бо шиносномаи тоҷикӣ дастгир шуданд, ман ёрӣ додам?
- То ҷое, ки ман фаҳмидам, чунин ҳодисаҳо аҳён - аҳён ҳам бошад, рух доданаш мумкин будааст.
- Дуруст фаҳмидед.
- Ва мехостем сабаби инро шумо каме ҳам бошад, шарҳу эзоҳ медодед.
- Пул ҷозибаи кашиш дорад.
- Чун қонуни сеюми Исаак Нютон?
- Он чӣ қонунест?
- Қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ ва дар он ҷо собит намудаанд, ки афтиши себ на вобаста ба худи себ, балки ба кашиши замин вобастагии зич дорад.
- Ба фикрам, чунин аст. Охир шумо худ инкор нахоҳед кард, ки дар ҳама давру замонҳо мақоми пул баланд буд.
- Албатта, не. Ва акнун мегуфтед, ки оё шумо ҳам бо ҳамин роҳ соҳиби шиноснома ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шудед?
- Саволи шумо, латифаеро аз ҳаёти Афандӣ ба ёд меорад.
- Шуниданаш мумкин.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




